13.9 C
Dushanbe

Боқирӣ: Дар низои марзӣ Тоҷикистон аз “Абобил 2” истифода намекунад

Давлати Эрон ҷониби Қирғизистонро итминон дода, ки Тоҷикистон дар муноқишаҳои марзӣ байни ин ду кишвра аз паҳподҳои “Абобил 2” истифода нахоҳад кард.

Фармондеҳи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Боқирӣ дар суҳбати телефонӣ бо вазири дифои Қирғизистон Бактибек Бекболотов гуфта, Эрон омода аст дар ҳалли мусолиматомези баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон саҳм гузорад.

Бино ба иттилои хабаргузории “Ирна” cуҳбати Боқирӣ ва Бекболотов дирӯз, 9-уми ноябр баргузор гардида, фармондеҳи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз ҳодисаи охири марзии Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамеша омодаи ҳама гуна кумакҳо дар ҳалли мусолиматомези низоъ ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ихтилоф аст.

Инчунин Генерал-майор Муҳаммад Боқирӣ бо ишора ба масъалаи ирсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ ба Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини “Абобил 2” танҳо тавоноии иктишофӣ доранд ва бо аслиҳа ва таҷҳизоти ҷангӣ муҷаҳҳаз нестанд. Боқирӣ мегӯяд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамеша таъкид кардаанд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон набояд аз ин ҳавопаймои бесарнишин дар баҳсҳои марзӣ истифода кунанд.

Ҷонибҳо дар суҳбати телофонӣ аз эътимод ва рушди ҳамкориҳо миёни артиши ду кишвар низ гуфтаанд.

Дар ҳоле Муҳаммад Боқирӣ аз манъи истифодаи паҳподҳои “Абобил-2” дар низои марзӣ мегӯяд, ки ҷониби Қирғизистон бар хилофи ваъдаҳои худ дар муноқишаи ахири марзӣ бо Тоҷикистон аз паҳподҳои туркии “Байрактар” истифода карда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ расонаҳо хабар дода буданд, ки дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ “Абобил-2” ифтитоҳ шуда, дар маросими ифтитоҳи он вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва фармондеҳи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Боқирӣ ширкат карданд.

Дар бораи иқтидори истеҳсолии корхона ва иқтидори паҳподҳо тафсилоте дода нашуда буд. Ин хабарро то ҳол мақомоти Тоҷикистон расман тасдиқ накардааст.

Инчунин чанде пеш журналист ва блогнависи украинӣ Дмитрий Гордон дар канали ютюбии худ гуфта буд, ки паҳподҳои эронӣ дар Тоҷикистон тавлид ва барои ҷанг дар Украина ба Русия фиристода мешаванд ва хостори таҳтиқи он шуда буд. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри баёнияе гуфтаҳои Гордонро рад карда гуфта буд, ки “Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ содир намекунад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.