Боз як рӯзноманигори дигари тоҷик “нопадид” шуд

Як рӯзноманигори тоҷикро афроди ношинос боздошта ва ба макони номаълуме бурдаанд. Пайвандонаш макони боздошти ӯро меҷӯянд.

Ду шахси ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштаанд, 6-уми марти соли ҷорӣ рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозиловро тақрибан, соати 15:00-15:30 дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент дастгир ва ба макони номаълум бурдаанд.

Кормандони ин идора, ки шоҳиди ҳодиса буданд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “Хуршед Фозиловро ду шахси номаълум аз дохили утоқ гирифта бурданд”.

Гуфта мешаванд, Хуршед Фозилов то моҳи январ тибқи шартнома дар доираи як лоиҳа бо Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент ҳамкорӣ мекард ва дирӯз, 6 –уми март барои хабаргирии ҳамкорони пешинаш рафта будааст.

Шоҳидон мегӯянд, ки субҳи имрӯз, 7-уми март, боз чаҳор нафари дигар бо либоси мулкӣ омада, компютереро, ки ӯ кор мекард, гирифта бо худ бурданд. Ҳамкоронаш сабаб ва макони боздошти Хуршедро пурсидаанд, аммо ҷавобе нашунидаанд.

Дар ҳамин ҳол наздикони журналист низ гуфтаанд, ки бо гузашти як шабонарӯз наметавонанд ӯро пайдо кунанд ва бо вуҷуди муроҷиат ба ҳама идораҳои шаҳри Панҷакент, касе ба онҳо ҷавоби мушаххас надодааст.

“Тавассути чанд нафар фаҳмидем, ки дар идораи амнияти шаҳр аст. Вақте ба ин идора рафтем, тасдиқ карданд, ки Хуршед дар ин идора аст ва баъди бозпурсӣ ҷавоб медиҳанд”, – гуфтааст яке аз наздикони рӯзноманигор ба “Азия-Плюс”.

Мақомот то ҳол сабаби боздошти ин рӯзноманигори тоҷикро шарҳ надодаанд.

Хуршед Фозилов, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузориш менавишт, пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо сомонаи хабарии замоне фаъоли “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Ин бори аввал нест, ки як рӯзноманигори тоҷик аз ҷониби афроди ношинос боздошт ва ба ҷойи номаълум бурда мешавад. Дар гузашта мақомоти тоҷик барои фишор додан ба рӯзноманигорон онҳоро боздошту соатҳо бозпурсӣ мекарданд.

Танҳо соли гузашта мақомоти тоҷик чанд тан аз блогерону рӯзноманигорон, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла расондани иттилои дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор намуда, онҳоро барои аз 7 то 20 сол ба зиндон маҳкум карданд. Рӯзноманигорони боздоштшуда худро бегуноҳ мешуморанд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ низ ин рӯзноманигоронро бегуноҳ медонанд ва озодии онҳоро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, аммо мақомоти кишвар ҳамеша ин талаби созмонҳоро нодида мегирад.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ИМА як шаҳрванди Тоҷикистонро барои мусоидат ба харидории силоҳи зиддиҳавоӣ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...