13.9 C
Dushanbe

Рӯзноманигорони боздоштшуда ва зиндонӣ дар соли 2022

Дар соли 2022 аз ҳама хабари муҳиме, ки дар сархатти хабарҳои Тоҷикистон ва хориҷ аз он қарор гирифт, ин боздошти теъдоде аз рӯзноманигорону блогерони тоҷик дар Тоҷикистон буд. То кунун ҳафт нафар ва тибқи иттилои базъе манобеъ ҳашт нафар рӯзноманигорону блогерони тоҷик дар кишвар боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Улфатхонум Маҳмадшоева, Хушрӯз Ғуломов, Муҳаммади Султон, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Комчек Мирзоев дар зумраи рӯзноманигорону блогероне ҳастанд, ки дар тӯли сол боздошту зиндонӣ шудаанд.

Улфатхонум Маҳмадшоева ба унвони рӯзноманигор, фаъоли иҷтимоӣ шинохта мешавад. Ҳамчунин ин хонум замоне дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар Душанбе ба донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории ин донишгоҳ дарс гуфтааст. Ӯ ба далели ин ки бо мушкилоти зодгоҳаш – Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ошноӣ зиёд дошт, дар робита ба масоили иҷтимоии ин вилоят изҳори назар мекард. Маҳмадшоева ҳамчунин созмони ғайридавлатиеро, ки “Номус ва қонун” унвон дошт, раҳбарӣ мекард.

Дар соли 2014, замоне ки Хоруғ ноором ва пас аз лашкаркашӣ Ҳукумат вориди гуфтугӯ бо мардум шуд, комиссиюне барои ором кардани вазъ дар он ҷо созмон ёфт, ки Улфатхонум Маҳмадшоева узви он буд.

Ин зан моҳи майи соли 2022 боздошт шуд ва тайи як мурофиаи додгоҳӣ додситон барои ӯ 24 соли зиндон хост. Аввали моҳи декабр Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мурофиае пушти дарҳои баста ин фаъоли маданӣ ва рӯзноманигрро ба 21 соли зиндон маҳкум кард.

Хушрӯз Ғуломов ба унвони як блогер пас аз боздошташ маъруф шуд. Ӯ маъмулан дар мавзуоти фарҳангӣ барои “Ютуб” мавод омода мекард. Мавзуоти мавриди таваҷҷуҳи ӯ таърих, фарҳанг ва забони мардуми маскуни вилояти Бадахшонро шомил мешуданд. Пас аз воқеоти соли гузаштаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ӯ ба унвони як фаъоли иҷтимоӣ аъзои “Кумиссиюни 44”-ро кумак мекард.

Хушрӯз Ҷумъаев, ки ба номи мустаори Ҳушом Ғулом низ шинохта мешавад, мутаваллиди 1 январи соли 1998 аст. Вай дар пойтахт, шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард.

Номи ӯ барои бори аввал дар таърихи 20 марти соли 2022, замоне ки ӯро боздошт ва сипас раҳо кардаанд, расонаӣ шуда буд. Ҳушом дар 20 марти 2022, тақрибан соати 13 дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд.

Бар асоси гузориши 20 майи соли 2022, кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД-и Тоҷикистон дар таърихи 19 майи 2022 дар шаҳри Душанбе Хушрӯз Ҷумъаев, маъруф ба Ҳушом Ғуломро дастгир кардаанд.

Бино бар ин гузориш, ин боздошти дуюми Ҳушом буд. Ба гуфтаи хешовандони вай, баъди он боздошти аввал Ҳушом Ғуломро ба хотири амнияташ ба Душанбе фиристоданд, вале мақомот ин дафъа ӯро дар пойтахт пайдо карданд.

Муҳаммади Султон, дигаре аз рӯзноманигорони тоҷик аст, ки дар пайи ҳаводиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошт ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ин ҳукми додгоҳ 13 сентябри имсол содир шуд.

Муҳаммадсултон Мавлоназаров, маъруф бо номи Муҳаммади Султон ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри гузашта дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият мекард, аммо баъдтар ба Кумитаи амнияти давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолияташро идома дод. Ӯ дар кумита беш аз 25 сол фаъолият кардааст.

Муҳаммади Султон дар вақтҳои охир хеле фаъол шуда буд ва мақомоти кишварҳои Осиёи Марказиро интиқод мекард. Ӯ 72 сол умр дорад[9]. Мақомоти кигвар Муҳаммади Султонро бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, моддаҳои 307, қисми ду, (даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ аз тариқи интернет), 330, қисми ду (таҳқири ҳокимияти давлатӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ) додгоҳи ноҳия Синои шаҳри Душанбе муҷрим донист.

Боздошти Далери Имомалӣ пурсарусадотарин қазия тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон буд.

Ӯ 28 июли соли 1988 ба дунё омадааст. Далери Имомалӣ ба унвони коргардон, ҳунарманди синамо, рӯзноманигор ва гӯянда шинохта мешавад. Мавсуф фориғуттаҳсили Мактаби театр ва синамои “Дидор”, Мактаби кинематографистони ҷавони Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм”, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва ҳунари ба номи Мирзо Турсунзодаи Тоҷикистон аст.

Далер чанд муддат дар радиои “Ватан” ба ҳайси ровӣ кор кард ва барномаи махсуси “Пресс-клуб”-ро барандагӣ мекард. Ӯ ҳамчунин дар радиои “Имрӯз” низ кор кардааст.

Далери Имомалӣ охири фаъолияташро ба блогерӣ бахшида буд. Ӯ ҳамроҳ бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ бештар масоили иҷтимоиро матраҳ мекарданд. Яке аз гузоришҳои ӯ марбут ба Бег Сабур, молики ширкати хонасозии “Комил-2010”, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд. Дигаре аз гузоришҳои ӯ аз беадолатӣ дар зимни тақсими заминҳо барои хонасозӣ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, ҳамчунин рӯзи қабули раиси ин ноҳия қисса мекард. Дар 17 октябри имсол додгоҳ ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Ин рӯзноманигори тоҷик 15 июни имсол ба иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ, дурӯғпароканӣ ва узвият дар созмони мамнуи “Гурӯҳи 24” дастгир шуда буд. Худашу тарафдоронаш ҳукмро беасос номиданд.

Авазмад Ғурбатов, ки бо тахаллуси эҷодии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар майдони журналистика фаъолият дошт, яке аз ҷавонтарин рӯзноманигорони умедбахши тоҷик муаррифӣ мешавад. Мавсуф хатмакардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аст[15]. Ӯ то замони боздошт дар расонаҳои гуногун, аз ҷумла ҳафтаномаҳои “Пайк” ва Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон – ҳафтаномаи “Фараж” ва Агентии иттилоотии “Азия-Плюс” фаъолият дошт. Вай бештар мавзуъҳои иҷтимоии ҳассосро баррасӣ мекард.

Ӯ ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд ва андешаҳои худро дар робита ба масоили гуногун иброз менамуд.

Абдуллоҳ ду бор мавриди лату кӯби “шахсони номаълум” қарор гирифт, аммо дар як ҳолат омилони ин лату кӯб пайдо нашуданд ва дар ҳолати дувум чанд нафар барои майдаавбошӣ бо ҷарима аз ҷазо озод шуданд.

Вақтҳои охир Абдуллоҳ бештар ба аккосӣ ва таҳияи навору филмҳои кӯтоҳ машғул буд, ки дар озмуну фестивалҳои дохиливу хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Абдуллоҳ Ғурбатӣ, журналисти тоҷикро бо моддаҳои 328, қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият), 330 қисми 1, (таҳқири намояндаи ҳокимият) ва 307, қисми 2, банди 3, (иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 7,5 сол равонаи зиндон кард.

Дар ҳоле ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳ буд, филми ӯ дар Қазоқистон ҷоиза гирифт. Филми сохтаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Ҷашнвораи байнулмилалии филмҳои кӯтоҳ дар Қазоқистон ҷоиза гирифт. Мустанади “Аз ҳад калон”-и Ғурбатиро беҳтарин мустанад эълон карданд. Филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар баробари 17 филм ба ин ҷашнвора роҳ ёфта буд.

Филми “Аз ҳад калон” дар бораи саргузашти навраси 13-солае нақл мекунад, ки ба хотири надоштани шароит наметавонад дар мактаб хонад ва ба ҷойи он маҷбур аст, аробашакӣ кунад. Абдураҳмон, қаҳрамони филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ мехоҳад мисли дигар ҳамсолонаш таҳсил кунад, аммо зиндагии сахт ин имконро аз ӯ гирифтааст.

Завқибек Саидаминӣ мутаваллиди соли 1983 аст. Ӯ дар риштаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ё Донишгоҳи миллии ҳозираи кишвар таҳсил кардааст. Мавсуф фаъолияти корияшро ба унвони рӯзноманигор аз телевизиони “Симои мустақили Тоҷикистон” шуруъ карда, ҳамчунин дар рӯзномаи “Имрӯз нюс” ва “Телевизиони Тоҷикистон” кор кардааст.

Ӯ дар интихоботи парлумонии соли 2020 номзадии худро ба сурати худпешбарӣ пешниҳод карда буд, аммо КМИР ба иттиҳоми вуҷуди сохтакорӣ дар ҷамъоварии имзои шаҳрвандон барои роҳёбӣ дар корзори интихоботӣ ин рӯзноманигорро сабти ном накард.

Завқибек Саидаминӣ ҳамчунин аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон низ буд. Ӯ бештар ба мавзуъҳои динӣ – фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷуҳ дошт, ки ба ин хотир аз кор дар телевизион ронда шуд. Пас аз он ки аз телевизион рафт, ба тиҷорат машғул шуд. Аммо дар ин кор муваффақ нашуд, балки ронандаи ҷарсақил (кран) шуд ва ба блогерӣ низ идома дод.

Пас аз боздошти Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ Завқибеки Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз маъдуд рӯзноманигороне буданд, ки садо баланд карданд ва дар суҳбат бо расонаҳо низ назари худро гуфтанд. Аммо 8 июли имсол Завқибек Саидаминӣ низ боздошт шуд[20].

Сеюми ноябри соли равон додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро ба ҳамкорӣ бо ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” муттаҳам кардааст. Ҳарчанд раҳбарияти ин ҳизбу ин гурӯҳ ва худи оқои Саидаминӣ ин иттиҳомро рад карданд, аммо додгоҳ ин далоилро сарфи назар кардааст.

Дигаре аз рӯзноманигороне, ки боздошт шудааст, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аст. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз риштаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фориғ шудааст. Ӯ ҳанӯз замони фаъолияташ дар радиои “Садои Душанбе” аз рӯзноманигорони маъруфу машҳуре эътироф шуда буд.

Баъди интихоботи парлумони соли 2010 мақомоти амниятии Тоҷикистон кор болои нерӯҳои сиёсии мухолиф ва ҳамчунин рӯзноманигорони озодандешро ҷиддӣ гирифтанд. Дар зимн, тибқи як муроҷиати видеоие, ки Пирмуҳаммадзода дар Рӯзи Президент ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва Озода Раҳмон, раиси Дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 карда буд, ӯро низ ин “мавҷ”аз кор дур карда буд. Ӯ пас аз рафтан аз кор дар радио ба мусофиркашӣ ва блогерӣ машғул буд.

Пас аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ пушти сари ҳам боздошт шуданд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ муттаҳам кардаанд ва алайҳи ӯ мутобиқи моддаи 307, замимаи 3, қисми 2 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Тайи як номае, ки ахиран аз номи ӯ расонаӣ шуд, гуфта мешавад, оқои Пирмуҳаммадзода ин иттиҳомотро зери шиканҷа ба уҳда гирифтааст.

“Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам. Дар навор матни навиштаи кормандони УБОП-и ВКД ҶТ-ро дар бораи онки гуё бо раҳбари мухолифон Муҳиддин Кабирӣ дар робитаи доимӣ будаму дар Тоҷикистон инқилобе омода мекарда бошем, зери фишори ҷисмонӣ хондам,” – навиштааст ӯ.

Ахиран расонаҳо аз ба 10 соли зиндон маҳкум шудани Комчек Мирзоев, як блогери зодаи Бадахшони Тоҷикистон хабар доданд.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар айни авҷи пандемияи коронавирус Комчек Мирзоев, ки  он вақт дар Хоруғ ба  ҳайси ризокор (волонтёр) ба мардум ва табибон кумак мерасонд, маҳз ҳамроҳ бо Мақсуд Ғаёсов масъалаи вазъи ногувори бемористони Хоруғро, ки барои тамоми беморонаш ҳамагӣ як яхдон дошт, расонаӣ карда буд. Баъди нашри аксҳо аз бемористон зодагони Бадахшон як маъракаи саросарии ҷамъоварии кумакҳои хайрия барои бемористони Хоруғро ба роҳ андохта буданд.

Комчек Мирзоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз камбудиҳои мавҷуда дар Бадахшон интиқод ва моҳи ноябри соли 2021 аз талабҳои эътирозгарони Хоруғ ҳимоят карда буд.

Моҳи апрели соли 2022 саҳифаҳои марбут ба “фабрикаи ҷавоб”, аз ҷумла саҳифаи INFO VMKB таҳдид карда буданд, ки нисбат ба Комчек Мирзоев барои туҳмат дар ҳаққи кормандони давлатӣ ва раҳбарони вилоят парванда мекушоянд. Худи блогер он вақт дар посух ба суоли пойгоҳи “Бомдод” гуфта буд, ки ин таҳдидҳоро ҷиддӣ намегирад.

Комчек Мирзоев баъди саркӯби эътирозҳои Бадахшон ва боздошти даҳҳо нафар аз лидерҳои ғайрирасмӣ ва фаъолону журналистон ва блогерҳои зодаи ин  минтақа дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол набуд. Охирин матлабе, ки ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук гузоштааст ва он ҳам видеои қироати як шеъри мазҳабӣ, аз аввали моҳи июл аст.

Бино ба иттилои дарёфтии “Бомдод”,  Комчек Мирзоев чанде пеш аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон паёмак (СМС) гирифта буд, ки агар худаш бо ихтиёри худ барои бозпурсӣ ҳозир нашавад, маҷбуран аз Русия оварда хоҳад шуд. Манобеи “Бомдод” гуфтаанд, паёмакҳо бо чунин мазмун дастикам ба 5 нафар аз  намояндагони қишри рӯшанфикри зодагони Бадахшон (блогерҳо, журналистон, ҳунармандон), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона изҳори назар мекарданд, фиристода шудааст. Аксари онҳо дар Русия қарор доранд.

Ҳамин тариқ, ба назари коршиносони умур, саркӯби рӯзноманигорон, ки пас аз маҳбас кардану фирорӣ додани мухолифини сиёсӣ оғоз шуд, то интиқоли қудрат ба Рустами Эмомалӣ идома пайдо хоҳад кард.

Аммо суоли асосӣ инҷост, ки чаро маҳз ин рӯзноманигорон бо як шакли бераҳмона зиндонӣ шуданд? Оё дар воқеъ ба он ҷиноёте, ки мақомот алайҳашон эълон карда буд, даст зада буданд?

Бо вуҷуди он ки худи рӯзноманигорон айбҳои эълоншуда алайҳи худро рад карданд, вале мақомот бидуни вуҷуди ҳеч далиле онҳоро “говсуд” кард. Ҳам барои худи рӯзноманигорон ва ҳам барои мардум ва ҳатто барои худи Эмомалӣ Раҳмону командаи ӯ ба мисли рӯзи равшан маълум аст, ки айбномаҳое, ки алайҳи рӯзноманигорон эълон карданд, ҳама сохтаву бофта ва туҳмати ошкор аст.

Фақат инҷо забони зӯр ҳукм мекунад. Далели ягонае, ки вуҷуд дорад ва ҳеч кас ҳам онро рад карда наметавонад, ин аст, ки барои Раҳмон ва командаи ӯ суханҳои Далери Имомалӣ, Ғурбативу Улфатхонум ва дигарон писанд наомад. Танҳо ҳамин буд ва барои он ки садои ҳақиқатгӯйяшонро Раҳмонов дигар нашунавад, онҳоро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Агар чунин набошад, инсофан бигӯед, оё “соҳибкорӣ”-и Далери Имомалӣ ба андозаи соҳибкорӣ ва қаллобии Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ раиси терминали рақами 1-и шаҳри Душанбе, ки Эмомалӣ Раҳмон дар байни мардум ӯро аз наздаш ронд, ғайриқонунӣ буд? Оё Далери Имомалӣ мисли ӯ пули давлату миллатро дуздида буд? Чаро ӯ ба хотири “ҷавонӣ”-яш ва бо дуздиҳову чаповулаш боз ҳам бахшида шуд? Магар Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҷавон набуданд? Ин рӯзноманигорон чиро дуздида буданд? Посухи ин суолҳоро ҳатто кӯдаки мактабхон ҳам медонад.

Нуқтаи дигаре, ки дар ин маврид бояд гуфта шавад, ин маҳкум кардани боздошту зиндонӣ шудани рӯзноманигорон аз ҷониби созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни рӯзноманигорон буд. Пас аз боздошт шудани ҳар рӯзноманигор дар Тоҷикистон, Созмони Хонаи озодӣ, Кумитаи ҳимоя аз ҳуқуқи журналистон ва чандин созмони дигар онро маҳкум карда, аз Ҳукумати Тоҷикистон борҳо дархост карданд, ки рӯзноманигорони тоҷик маҳз ба хотири фаъолияти рӯзноманигорияшон зиндонӣ шуданд ва онҳо бояд бечуну чаро ва фавран озод шаванд. Дар ин бобат ҳамчунин Гузоришгари вежаи СММ Мэри Лолор дар сафари дуҳафтаинае, ки ба Тоҷикистон дошт, вазъи ҳуқуқи башар, ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигоронро баррасӣ карда, ба он баҳои паст дод. Ӯ ҳамчунин аз Ҳукумат талаб кад, ки ба монеагузориҳо дар фаъолияти рӯзноманигорон ва вакилони дифоъ хотима гузорад ва боздошти онҳоро бас кунад. Ӯ ҳамчунин зиндонӣ шудани Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва дигаронро ғайриқонунӣ хонда, аз Ҳукумат озодии онҳоро талаб кард. Вале то ҳол Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз ба талабу дархости созмонҳои ҳуқуқӣ, ҳатто худи СММ посухи мусбат надодааст.

Мақомоти тоҷик бори аввал нест, ки рӯзноманигорони ҳақгӯро боздошту зиндонӣ мекунад. Ин Ҳукумат рӯзноманигорне чун Маҳмадалӣ Ҳаитро ба умрбод маҳкум ба зиндон карда, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Абдуқаҳори Давлат, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ва дигаронро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст.

Дар поён бояд гуфт, ки дар умум шахси озодандешу ҳақгӯ барои Ҳукумати Тоҷикистон таҳдиди бузург маҳсуб мешавад ва аз ин рӯст, ки мақомоти тоҷик солҳост, рӯзноманигорон, сиёсатмадорону озодандешонро аз саҳна дур месозад, то худро озод ҳис кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.