31.9 C
Dushanbe

Боз як ширктаи русӣ иҷозати парвоз гирифт, оё зарбае ба буҷаи “Сомон Эйр” аст?

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия дуввумин ширкати русӣ “Уралские авиалинии”, бо мувофиқаи мақомоти тоҷик барои парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон иҷозат гирифтааст.

Иҷозаи дуввумин ширкати русӣ дар ҳолест, ки шаби 30 ва 31 моҳи октябр Русия ба ширкати “Сомон Эйр” иҷозаи парвоз надода буд, ки зиёда аз 200 мусофир шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Домодедово дармонда буданд.

Он вақт як намояндаи Вазорати нақлиёт ба Озодӣ гуфта буд, ки ҷониби Русия шарт гузоштааст, дар баробари парвозҳои “Сомон Эйр” ширкатҳои русӣ низ ба Тоҷикистон парвоз анҷом диҳанд. Дар акси ҳол иҷозаи парвоз нахоҳанд дод.

Пас аз гуфтушинид байни мақомоти Тоҷикистону Русия ба ширкатҳои русӣ иҷозаи парвоз доданд, ки ба гуфтаи огоҳони умур ҳузури ширкатиҳои русӣ ҷойи ширкати “Сомон Эйр”-ро, ки мутааллиқ ба додараруси раисҷумҳур аст, танг карданд.

Гуфта мешавад, ширкати “Уралские авиалинии” аз се шаҳри Тоҷикистон, Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб мусофиронро ба 7 шаҳри Русия мебарад.

Намояндагони ин ширкат дар Тоҷикистон гуфтаанд, нархи чиптаҳо аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ аст. Аммо вобаста ба масири павроз ин нарх каму зиёд мешавад.

Ҳамчунин дар ин парвозҳо танҳо шаҳрвандони Русия ва онҳое, ки асос барои ворид шудан ба хоки ин кишварро доранд, роҳ дода мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.