16.9 C
Dushanbe

Боз имтиёзи нав ба меҳмонхонае, ки сохтмонаш 15 сол боз идома дорад

Тибқи муқаррароти будҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2022, меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”-и шаҳри Душанбе имсол ҳам аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд.

Дар будҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 имтиёзҳои молиётӣ барои корхонаҳои инфиродӣ пешбинӣ шудааст ва яке аз онҳо меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” мебошад, ки сохтмонаш 15 сол инҷониб идома дорад.

Дар будҷаи давлатии соли оянда, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ аз сӯи порлумони кишвар тасвиб шуда буд, воридоти мазут ба андозаи муайянкардаи Ҳукумати Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе (ТЭЦ), аз арзиши изофӣ, аксизҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Ҳамчунин таҷҳизот ва мошинҳои махсус, қисмҳои эҳтиётии онҳо, электромобилҳо ва автобусҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ харида мешаванд аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Дар соли оянда андоз аз арзиши иловашуда барои коркардкунандагону фурӯшандагони гандум ва макарон ба андозаи 10% муқаррар карда шудааст.

Бино ба иттилои “Avesta”, меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”, ки дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе воқеъ аст, имсол низ аз андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад ва боҷи гумрукӣ озод аст.

Тавре маълум аст, ҷараёни сохтмони бинои ин меҳмонхона 15 сол боз идома дорад ва Ҳукумати кишвар ҳар сол онро аз пардохти боҷу андозҳо озод мекунад, дар ҳоле, ки соҳибкорон ва ширкатҳои дигар чунин имтиёз надоранд.

Сохтмони бинои меҳмонхонаи “Исмоилӣ Сомонӣ” моҳи марти соли 2006 шуруъ шуда, дар гузоштани “хишти аввал” Президент Эмомалӣ Раҳмон, шахсан иштирок карда буд. 4-уми ноябри соли 2020 дар ин меҳмонхонаи сохтмонаш нотамом сӯхтор ба амал омад. Сабабаш истифодаи нодурусти нерӯи барқ аз ҷониби бинокорон маънидод шуда буд.

Харҷи сохтмони бинои меҳмонхона 30 миллион доллар арзёбӣ шуда ва он бояд дар якуним сол сохта ва ба истифода дода мешуд. 15 сол тӯл кашидани сохтмони бинои мазкур, ки ҳоло ҳам нотамом аст, гумонҳоеро дар ҷомеа ба миён овардааст.

Бино ба маълумоти пойгоҳи ҳуқуқии Вазорати адлия, фармоишгари сохтмони ин меҳмонхона ширкати “Доллмарк Лтд” ва паймонкори кул “Beijing Foch Mechanical Equipment Installation Engineering Co., Ltd” мебошанд.

Пештар сомонаи “Asia-Plus” навишта буд, ки фармоишгари сохтмони меҳмонхона Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буда, ба сохтмони он ширкати “Исмоили Сомонӣ – асри XXI” машғул аст. Раиси ин ширкат Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси Президент ва бародари Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” мебошад.

Бино бар таҳқиқоти Радиои Озодӣ “Доллмарк Лтд”, ширкати офшорӣ буда, дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабт шудааст. Ҳамчунин “Доллмарк Лтд” бинои “Рӯдакӣ Плаза”-ро дар ихтиёр дорад. Тибқи маълумотҳо ин бино ба Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси Президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.

Ба назари коршиносон, чун масъулони ҷазираҳои офшорӣ номи моликони ширкатҳоро пинҳон медорад, бештари сиёсатмадорон ва сарватмандоне, ки сармояҳояшон аз роҳҳои шубҳаовар ба даст оварда мешавад ва мехоҳанд, ки дороиҳояшон аз чашми мардум пинҳон бимонад, дар минтақаҳои офшорӣ сармояи худро пинҳон мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.