36.9 C
Dushanbe

Боз маҳдудият! Дар Русия таҳсил фарзандони муҳоҷирон сахттар мешавад

Вакилони Думаи давлатии Русия пешниҳод карданд, ки омӯзиш дар мактабҳо барои фарзандони муҳоҷирон пулакӣ шавад.

Раиси Кумитаи меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорони Думаи давлатии Федератсияи Русия Ярослав Нилов пешниҳод намудааст, ки таҳсилоти ройгон дар мактабҳои Русия барои кӯдакони муҳоҷирон бекор карда шавад.

Ба гуфтаи Нилов, буҷаи давлатӣ набояд хароҷоти таҳсили шаҳрвандони хориҷиро ба уҳда гирад. Ӯ мегӯяд: “Бо кадом асос мо бояд кӯдакони шаҳрвандони хориҷиро ройгон омӯзонем?”

Ин вакили рус ҳамзамон таъкид мекунад, ки “Бигзор оила, корфармо, сафорат, фондҳо ё давлати хориҷӣ пардохт кунад, вале на мо бо андозҳои худ”.

Нилов пешниҳод карда, ки шумораи кӯшишҳои супоридани имтиҳони забони русӣ, ки аз 1-уми апрели соли 2025 барои қабул ба мактабҳо ҳатмӣ шудааст, маҳдуд карда шавад. Ва ӯ ҷудо намудани маблағро аз буҷаҳои минтақавӣ барои курсҳои таълимии кӯдакони муҳоҷирон ғайриқобили қабул номид.

Ба гуфтаи ӯ, агар кӯдак натавонад забони русиро ёд гирад, “лозим нест ӯро азоб диҳем — бигзор дар хона интизори бозгашти падару модар ба ватанашон шаванд”.

Ӯ пешниҳод намуда, ки омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои аслии муҳоҷирон ба роҳ монда шавад ё дар он ҷо мактабҳои русӣ кушодаву имкониятҳои таълими фосилавӣ низ фароҳам гарданд.

Пешниҳоди Нилов аз ҷониби миллатгароҳои рус истиқбол ёфта, мухолифони ин тарҳ мегӯянд, ки он ҳуқуқи кӯдаконро нақз мекунад.

Ин бори аввал нест, ки маҳдуд сохтани шароити таълим барои фарзандони муҳоҷирон аз забони вакилони Думаи давлатии Русия садо медиҳад. Давоми як соли ахир аз ҷониби вакилони рус чандин қонун барои тангтар кардани шароити будубош ва омӯзиши фарзандони муҳоҷирон қабул гардид.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, давоми ду соли ахир фазои муҳоҷирбадбинӣ дар Русия хеле боло рафта, то ҳадде, ки он ба парлумон ва намояндагони давлат ҳам таъсир расондааст, ки ҳар аз гоҳе қонунҳои ҷадид барои маҳдуд сохтани шароити муҳоҷирон қабул мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Ралик” бори дигар боздошт шуд

Рэпсари ҷавони тоҷик Муродов Рамазон, маъруф бо тахаллуси "Ралик", бори дигар дар Душанбе боздошт гардид.

Боздоши ду муҳоҷири тоҷик дар Русия

Дар ноҳияи Всеволожски вилояти Ленинград ду шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони ҳамла ба як сокини маҳаллӣ боздошт шудаанд.

Манъи рафту омади мошинҳо ва чарондани говҳо пеш аз сафари Раҳмон

26-уми августи соли ҷорӣ, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корияш ба ноҳияҳои тобеи марказ роҳи Роғун-Обигарм-Нурободро ба истифода дод.

Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон рафт

26-уми августи соли ҷорӣ, раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба шаҳри Остона сафар кард.