31.9 C
Dushanbe

Боз як фаъоли тоҷик барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе Фаррух Икромовро, ки чанде пеш аз Лаҳистон ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, барои 23 сол равонаи зиндон кардааст.

Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 6-уми ноябр Сайидисҳоқ Бобоев, фаъоли сиёсии муқими Лаҳистон дар истинод ба манобеаш аз дохили кишвар ба Azda.tv хабар дод.

Ба гуфтаи ин фаъоли тоҷик, мурофиаи охири Икромов ду моҳи пеш баргузор шуда, ӯ ба вакили дифоъ дастрасӣ надоштааст.

Инчунин Бобоев аз манобеаш муайян карда, ки додрас Фаррухро барои пахшу нашри навори мухолифон, иштирок дар тухмпартоӣ сӯйи Эмомалӣ Раҳмон ва латтукӯби муҳофизи президент чунин ҳукми тӯлонӣ додааст.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтаанд ва маълум нест Фаррух аз болои ҳукмаш ба зинаҳои болоӣ шикоят бурдааст ё на.

Гуфта мешавад, Фарух Икромови 35-сола соли 2016 ҳамроҳи зану фарзандонаш ба Лаҳистон паноҳанда шуда буд, вале дар 7 соли иқоматаш дар Лаҳистон дархости паноҳандагияш рад шудааст ва аз тарси ихроҷ ба Тоҷикистон тирамоҳи соли 2023 ӯ ба Олмон фирор карда, онҷо дархости паноҳандагӣ карда буд.

Аммо кишвари Олмон тибқи созишномаи “ДУБЛИН” Икромовро баъд аз чанд моҳи зиндагӣ дар охирҳои моҳи январи соли 2024 боздошт ва ба Лаҳистон ихроҷ кард ва мақомоти ин кишвар ӯро дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон истирдод карданд.

Аз истирдоди Фаррух Икромов ба Тоҷикистон ҳудуди 7 моҳ мегузарад, вале то кунун дар бораи вазъи саломатӣ ва нигоҳдорияш хабаре расонаӣ нашудааст. Ва инчунин маълум нест, ки наздиконаш дар дохили зиндон бо ӯ мулоқот кардаанд ё на.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.