Боздиди намояндаҳои Толибон аз Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ

Боздиди намояндаҳои Вазорати хориҷаи Афғонистон аз Консулгарии ин кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон хабарсоз шудааст.

Шанбеи 25-уми марти соли 2023, сухангӯи Вазорати хориҷаи ҳукумати сарпарасти Афғонистон бо раҳбарии Толибон эълон кард, ки як ҳайъате аз ин вазорат бо раҳбарии мудири идорӣ ва молӣ мавлавӣ Муҳаммадмӯсо Амирӣ аз Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон дидан кардааст.

Дар вокуниш ба ин хабар Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба расонаҳо гуфт, иттилои Вазорати хориҷаи Толибон асос надорад, аммо бархе чеҳраҳои наздик ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтанд, ки ба назар мерасад, акнун Тоҷикистон ҳам аз онҳо пушт холӣ мекунад.

Гуфта мешавад, Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони зимистони имсол бар асари резиши барфтӯдаҳо дар қатори чандин хонаҳои мардуми таҳҷоӣ низ осеб дида буд.

Вазорати корҳои хориҷии Толибон ҳам гуфтааст, ҳайати ин вазорат барои бозсозии Консулгарӣ ва муайян кардани ҳамҷми зарарҳо ба шаҳри Хоруғи Тоҷикистон сафар кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Литва қабули дархости нави муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро боздошт

Давлати Литва қабули дархостҳои нави муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт.

Русия қоидаҳои ҷалби муҳоҷирони кориро сахттар мекунад

Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кардааст, ки аз соли 2027 дар баъзе соҳаҳо шумори коргарони хориҷӣ дар 10 минтақаи кишвар коҳиш дода шавад.

Музокироти Амрико ва Эрон дар ҳошияи нишасти СММ: Оё сулҳе дар роҳа аст?

Амрико ва Эрон рӯзи 22-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокирот анҷом доданд.

Русия интиқоли дизелро ба Тоҷикистон афзоиш дод

Моҳи августи соли 2026 Русия ба Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол додааст.