2.9 C
Dushanbe

Боздошти 11 нафар дар Амури Русия баъди як “ошӯб”

Хабаргузориҳои Русия аз дастгиршавии 11 нафар муҳоҷире менависанд, ки ба иллати ташкили бетартибиҳои оммавӣ муттаҳам дониста мешаванд.

“Радиои Озодӣ” навиштааст, ки дар вилояти Амури Русия 11″иштирокчии фаъол”-и ошӯб кормандони ширкати туркии “Ренесанс ҳиви индастриз” дастгир шуданд.

Идораи минтақавии тафтишотии Амур иттилоъ дода, ки боздоштшудагон бо гумони ташкили бетартибии оммавӣ айбдор мешаванд. Кормандони ширкати мазкур, ки асосан муҳоҷирони Узбекистон ҳастанд, 13 июл даст ба эътироз зада, қисми пардохтнашудаи маошашонро талаб намуданд, ки барои патент ситонида шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир ду гумонбар бо қарори додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, масъалаи ҳабси афроди боқӣ дар ҳоли баррасист. Ба гуфтаи мақомот, онҳо ҳамла ба бинои ширкат, мағоза ва фурӯшгоҳи телефон дар маҳалли сохтмонро ташкил кардаанд.

Даҳҳо муҳоҷири тоҷику узбек рӯзи 13-уми июл дар маҳалли сохтмони корхонаи коркарди газ дар вилояти Амури Русия “ошӯб” бардоштанд. Муҳоҷирон сабаби хашму эътирози худро ба кам пардохт шудани маош рабт доданд. Дар сохтмони корхонаи коркарди газ дар шаҳри Свободное дар вилояти Амури Русия беш аз 15 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди 4 ҳазор тоҷик кор мекунанд.

Густариши коронавирус ва карантини саросарӣ дар Русия зиндагии бе ин ҳам сахти муҳоҷирони Осиёи Марказиро дар ин кишвар сахттар кард. Хонаводаҳое, ки аксарият барои таъмини зиндагӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омада, дар давраи пандемия дар хона банд монданд ё маоши кам гирифтанд, дар ҳолати ногувор қарор гирифтанд. Ҳукумати Русия ба хотири сабукӣ ба муҳоҷирон бо як дастури махсус онҳоро се моҳ аз пардохти ҳаққи патент ва низ иҷозаи истиқомат озод кард.

Аммо ҳоло, ба назар мерасад, ки дигарбора шароити кору иқомати муҳоҷиронро сахттар мекунад. Ахиран масъалаи дастгир ва истирдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русияро ба таври комил дар ихтиёри вазорати дохила қарор дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро мардум “Шоҳнома” намехонанд? Тасмими нави “Тоҷикфилм” дар бораи “Шоҳнома”

Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" тасмим гирифта, ки филми синамоие бар пояи асари "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ ба навор гирад.

Ҷанозаи Қобилҷон дар Шаҳринав

Қобилҷон Алиеви 10-cоларо, ки рӯзи 16-уми декабр дар Русия бераҳмона кушта шуд, имрӯз дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав дафн карданд.

Чаро расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар ҳодисаи куштори Қобилҷон сукут ихтиёр карданд?

Ҳодисаи куштори навраси тоҷик Қобилҷони Алиеви 10-сола вокунишҳои зиёдеро дар сатҳҳои гуногун ба вуҷуд овардааст.

Вокунишҳо ба қатли бераҳмонаи навраси тоҷик дар Русия

Мақомоти Тоҷикистон ва мухолифонаш ба ҳамлаи террористии як рус ба мактабе, ки бо қатли бераҳмонаи навраси 10-солаи тоҷик анҷомид, вокуниш карданд.