Боздошти Мамадсултон Мавлоназарови 72-сола

Мамадсултон Мавлоназарови 72-сола, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Муҳаммади Султон маъруф аст, рӯзи 16-уми июн аз ҷониби маъмурони интизомӣ боздошт шудааст. Сабаби боздошт ва ба куҷо бурдани ӯ то ҳол маълум нест.

Пайвандонаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Мавлоназаровро субҳи панҷшанбе 9 намояндаи мақомот, ки баъзе дар тан либоси милиса доштаанд, аз ҷойи хобаш бардошта, пойи бараҳна ба самти номаълум бурдаанд. Ҳатто ин пирамардро нагузоштаанд то пойафзолашро пӯшад.

Ба гуфтаи пайвандонаш онҳо ба Шуъбаи корҳои дохилӣ, Додситонӣ ва Идораи амнияти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат кардаанд, аммо ин ҳама сохторҳо аз вуҷуди ӯ дар ин ниҳодҳо изҳори бехабарӣ кардаанд.

Чанде пеш худи Муҳаммади Султон дар саҳифаи Фейсбукаш бо нашри чанд акс навишта буд, ки моҳи апрел кормандони мақомот кӯшиш кардаанд, ӯро аз хонааш дар маҳаллаи 101-уми Душанбе маҷбурӣ ба бозпурсӣ баранд.

Мамадсултон Мавлоназаров 72 сол дошта, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.

Ба иттилои Радиои Озодӣ ӯ дар солҳои 70-ум асри гузашта дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор кардаааст.

Дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ кор карда рутбаи полковникро дорад.

Дар ҳоли ҳозир ӯ бознишаста буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста рафтори мақомотро танқид мекард ва дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон низ менавишт.

Дар яке аз навиштаҳои охираш, пас аз кофтукови манзили зисташ Саймуъмин Ятимовро танқид намуда, гуфта буд, ки “Тамоми қонунҳои хуқуқи инсонро зери по карда, хадамоти академик С.Ятимов таъқиботи рӯйиросту ғайрсудиро, ки яқин солҳои пурдаҳшати 37-ум ва Берияро хотиррасон менамоянд, “қаҳрамонона” идома медиҳад”.

То ҳол маълум нест, ки ин пирамарди 72-соларо барои танқидҳояш аз Саймуъмин Ятимов боздошт кардаанд ё навиштаҳояш дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон. Аммо ба назари таҳлилгарон мақомоти Тоҷикистон ба шикори зодагони Бадахшон гузашта, ҳар нафароре, ки аз ҳукумат танқид мекунад ё каме миёни мардум маъруф аст, боздошту зиндонӣ мекунад ё бо ҳар баҳонае ба қатл мерасонад. Тасдиқи гуфтаҳои боло ҳодисаҳои ахири Бадахшон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё муҳоҷирон дар Лаҳистон бояд ҳамеша бо худ шиноснома дошта бошанд?

Хориҷиён дар Лаҳистон вазифадор нестанд, ки ҳамеша шиносномаро бо худ гардонанд, аммо ҳангоми санҷиш Хадамоти марзбонӣ ҳақ дорад нусхаи аслии ин санадро талаб кунад.

Қарори нав: ВКД-и Русия даромади муҳоҷиронро месанҷад

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия тартиби нави санҷиши даромади муҳоҷирони кориро таҳия кардааст.

“Кохи тамаддуни ориёӣ” дар Душанбе: таърихи тоҷикон ё ривояти Э.Раҳмон?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди наве дар робита ба ҳувиятсозии тоҷикон дар сархати расонаҳои давлатӣ қарор гирифт.

Кувайт сафорати худро дар Душанбе боз кард ва Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт

Давлати Кувайт сафорати худро дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ карда, Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба ҳайси нахустин сафири худ дар Тоҷикистон таъин намуд.