33.9 C
Dushanbe

Боздошти 25 нафар бо гумони талоши кудето дар Олмон

Имрӯз, 7-уми декабри соли 2022 пулиси Олмон 25 нафар аз нерӯҳои рости ифротиро бо гумони қасди анҷоми кудето дар ин кишвар боздошт кард.

Додгоҳи федеролии Олмон субҳи рӯзи чоршанбе аз боздошти 25 нафари мусаллаҳе хабар дод, ки узви ҷараёни рости ифротии “Шаҳрвандони Рейх” ва аз собиқ нерӯҳои низомӣ будаанд ва мехостанд бинои прлумонро ғасб ва ҳукумати феълии ин кишварро сарнагун созанд.

Гуфта мешавад, ин кудето дар 11 шаҳри Олмон роҳандозӣ шуда, ду тан аз саркардагони ин тарҳ низ боздошт шудаанд.

Дар изҳороти Додгоҳи федеролии Олмон гуфта мешавад, ки муттаҳамони боздоштшуда бахше аз як гурӯҳи “террористӣ”-и “Шаҳрвандони Рейх” ҳастанд, ки ҳадафи ин ҳаракати ифротӣ сарнагунии низоми ҳокимияти кунунии ин кишвар аст.

Ба гузориши шабакаи “Ал-Ҷазира” ба нақл аз мақомоти расмии Олмон, шумораи пайровони ин ҳаракати ифротӣ то соли 2018 15 ҳазору 600 нафар гуфта мешуд.

Ҳаракати мазкур ҳамчун ҳаракати рости ифротгаро мухолифи вуҷуди миллатҳои гуногун ва афкору андешаҳои мазҳабӣ буда, аз ҷониби давлати Олмон дар талош барои таъсиси пойгоҳи низомии хос ва ҳамла ба ниҳодҳои қонунгузорӣ муттаҳам мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.