Мақомот дар шаҳри Кӯлоб 9 сокини деҳаи Хонаободи ҷамоати Даҳанаро боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, боздошти ин афрод нимашаби 14-ум ба 15-уми май сурат гирифта, мақомот онҳоро ба ифротгароӣ ва фиристодани пул ба яке аз мухолифони сарсахти режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон ва мудири пойгоҳи “Ислоҳ” Муҳаммадиқболи Садриддин муттаҳам мекунанд.
То ҳол мақомот расман дар ин бора чизе нагуфтаанд. Аммо ба навиштаи манбаъ, кормандони мақомоти интизомӣ аз деҳа дар аввал даҳ нафарро бо худ бурдаанд, вале якеро рӯзи 15-уми май раҳо намуда, гуфтаанд, ки ба волидони боздоштшудаҳо хабар расонад, ки фарзандонашон дар боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлоб ҳастанд.
Наздикони боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки то ҳол фарзандонашонро надидаанд ва намедонанд онҳо дар чӣ шароите нигоҳдорӣ мешаванд.
Аммо Муҳамадиқболи Садриддин, ки яке сербинандатарин шабакаро дар бахши тоҷикии “YouTube дорад, дар суҳбат бо Azda.tv иттиҳоми мақомотро нисбати ин нӯҳ сокини Кӯлоб беасос ва сохта номида, мегӯяд, ки аз соли 2023 ба ин тараф ҳеҷ суратҳисобе надорад ва мақомот аз номи худи Муҳаммадиқболу пойгоҳаш барои боздошти сокинон сӯиистифода мекунанд.
Гуфта мешавад, дар гузашта низ мақомдорони тоҷик сокинони оддӣ ва ҳатто кормандони мақомоти кишварро бо иттиҳоми “ҳамкорӣ” бо Муҳаммадиқболи Садриддин боздошт ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда буданд. Худи мудири пойгоҳи “Ислоҳ” бар ин бовар аст, ки мақомдорон барои тарс додани сокинони кишвар чанд маротиба шуда, ки чунин корҳоеро анҷом медиҳанд.