Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти се ҷавоне хабар дод, ки худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, даст ба ҷиноят задаанд.
Бино ба иттилои ин ниҳод, Зарифи Умарҷон, Аброров Ёқуб ва Маҷидзода Маҳлаиллоҳ худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз як шаҳрванд 9 ҳазор сомонӣ ва аз нафари дигар 2 ҳазору 300 сомонӣ гирифта, онҳоро латтукӯб кардаанд.
Ин афрод дар пайи шикояти ҷабрдидагон аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Сино дастгир ва нисбаташон бо иттиҳоми “ғоратгарӣ” (моддаи 248 КҶ) парванда оғоз гардидааст. Дар ҳоли ҳозир ҳарсе ҷавон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва тибқи ин модда ба онҳо аз 3 то 5 сол зиндон таҳдид мекунад.
Назари худи гумонбарон, вакили дифоъ ва пайвандонашон дар мавриди иттиҳоми мақомот дастрас нест.
Дар дохили Тоҷикистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на ҳамчун ҳомии сокинон, балки бо зӯроварӣ нисбати мардум, гирифтани пора ва сӯиистифода аз мақом маъруф гаштаанд, баъзе фурсатталабон ва ҷиноятпешагон барои ба даст овардани маблағе ва тарсондани сокинон худро кормандони ин ниҳодҳо муаррифӣ мекунанд.
Пештар дар моҳи сентябри соли 2024 пулиси шаҳри душанбе аз боздошти се нафари дигар низ хабар дода буд, ки номбурдагон худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон бо роҳи зӯрӣ маблағҳои калон мегирифтаанд.
Аз ҷумла, Амонзола Сулаймон, Назаров Нуралӣва Саймаҳмадов Вафо аз як ҷавон бо далелҳои сохта, барои аз ҷавобгарӣ озод намудан 10-ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд, ки вақти гирифтани 4900-доллар кормандони пулис онҳоро дастгир кардаанд.
То ҳол аз тақдири ин се боздоштшуда ва ҳукмашон чизе нашр нашудааст.