36.9 C
Dushanbe

Оҷил! Боздошти боз як сокини Бадахшон

Кормандони Раёсати корҳои дохилии ВМКБ як сокини маҳаллаи Бархоруғро бо номи Манучеҳр субҳи 31-уми март дар назди маркази тиббӣ дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои манобеи Pamir Daily News, мақомот Манучеҳрро дар занозанӣ бо маъмурони пулис дар моҳи ноябри соли 2021 дар посгоҳи гузаргоҳи маҳаллаи УПД  муттаҳам мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло дар шаҳр вазъият бадтар шудааст. Роҳҳои ду тараф то маҳаллаи Бархоруғро сокинони маҳаллӣ бастаанд. Дар бинои шуъбаи корҳои дохилии шаҳр пулис барои саркӯби эҳтимолии эътирозгарон омодагӣ мегирад.

Чанде пеш Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки Шеров Манучеҳр Мисжитовичро боздошт кардааст.

Прокуратураи ВМКБ нисбати Шеров бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (237 қисми 3 банди «а» авбошӣ ва 330 қисми 1 зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат) парванда боз кардааст.

Мақомот Манучеҳр Шеровро ба он гумонбар медонанд, ки ”14 ноябри соли 2021, тахминан соатҳои 13:30, дар якҷоягӣ бо аъзои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир, Шаъбонов Ҷамшед ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ бо табар ҳуҷум карда, захмдор намуда буд. Аз санаи 9 декабри соли 2021 нисбаташ парвандаи ҷустуҷӯӣ таҳти №4382 оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт”.

Манучеҳр Шеров ҳаммаҳалаи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров буда, аз ҷумлаи 6 тан аз сокинони Бархоруғ буд, ки мақомот ду моҳ пеш аз Маҳмадбоқиров супурдани онҳоро талаб карда буданд. Аммо Маҳмадбооқир аз супурдани онҳо даст кашида буд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо як фармони Президент Раҳмон, Шариф Назарзода, ки аз соли 2017 ҳамчун сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе фаъолият мекард, аз мақомаш озод ва сардори РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуда буд. Чунин ба назар мерасад, ки Назарзода корро аз боздошти сокинони маҳҳалӣ оғоз кардааст.

Вазъ дар Бадахшон рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта баъди кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар як амалиёти нерӯҳои қудратӣ бад шуд. Баъди бераҳмона кушта шудани Гулбиддин, сокинони маҳаллӣ дар назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, чаҳор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд. Дар пайи ин эътирозҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ сокинони ВМКБ Тутишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот баъди ин эътирозҳо чанд тан аз сокинони ин вилоятро боздошту фишор болои фаъолонро бештар кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд. 

Сафари Додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон

Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвар вориди Тоҷикистон шудааст.