14.9 C
Dushanbe

Боздошти боз яке аз наздикони марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Мақомоти қудратии вилояти Хатлон домоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Сайвалӣ Ризоевро низ боздошт кардаанд. Дар ин бора Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) хабар дод.

Бино ба иттилои Кумита, Сайвалӣ Ризоев, шавҳари хоҳари муассиси ҲНИТ марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор дорад.

Сабаби боздошти Сайвалӣ Ризоевро мақомот дар он гуфтаанд, ки писаронаш дар яке аз кишварҳои аврупоӣ қарор доранд ва барояш пул фиристодаанд.

Дар се моҳи ахир мақомот ду бародарзодаи марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Нусратулло Саидов ва Муҳибулло Нуриддинов ва бародари хурдиаш Нуруллоҳ Саидовро бо ҷурми “дарёфти пул аз хориҷ” боздошт кардаанд. Ва Ризоев инак нафари 4-ум аст, ки аз пайвандони раҳбари собиқи ҲНИТ боздошт мешавад.

Мақомот расман сабаби ин боздоштҳоро шарҳ намедиҳанд, аммо ба гуфтаи пайвандони боздоштшудагон, ҳамаи онҳо бо ҷурми “дарёфти пул аз хориҷ” муттаҳам шудаанд. Вале мақомот барои исботи ин иттиҳомот далоиле ироа накардааст.

Мақомот дар соли 2015 хоҳарзодаи марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Мӯсо Шеховро ба 7 сол ва бародарзодаи дигараш Сайдулло Саидовро ба 10 соли зиндон маҳкум карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.