26.9 C
Dushanbe

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Маскав барои карикатураҳои Макрон

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Маскав ду шаҳрванди 22 ва 24-солаи Тоҷикистонро, ки дар метрои Маскав варақаҳо бо карикатураҳои президенти Фаронса Эммануэл Макронро мечаспонданд, боздошт карданд.

Дар ин бора 3- ноябр (ФАН) Оҷонсии иттилооти федералӣ бо истинод ба як манбааш аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, ҷавонон тасвирҳои Эммануэл Макронро бо имзои “Террористи №1 дар ҷаҳон” дар вагонҳои метро часпониданд.

Онҳо дар истгоҳи Третяковская боздошт шуданд. Аз боздоштшудаҳои 22 ва 24-сола варақаҳо мусодира карда шуда, нисбати онҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Қаблан акси яке аз варақаҳо дар метрои Маскав ба “Ахбор” фиристода шуда буд. Дар ин варақа Макронро “макарон” ва “угро” меноманд ва онро “террористи рақами 1” низ меноманд ва изҳор кардаанд, ки ин гуфтаҳоро раиси Чеченистон Рамзан Қодиров дар Telegram дар бораи президенти Фаронса навишта буд.

Рӯзи ҷумъаи гузашта тазоҳуроти эътирозӣ дар назди сафорати Фаронса дар Маскав алайҳи Эммануэл Макрон ва сиёсати ӯ нисбати мусалмонон баргузор шуд. Аксари ширкаткунандагон тавре, ки дар наворҳои нашршуда дида мешаванд, муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа аз Тоҷикистон ва Узбекистон буданд. Полис 8 эътирозгарро боздошт кард.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи панҷшанбе 16 октябр як ҷавони 18-солаи чечентабор дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса муаллими таърих Самуэля Патро барои намоиш додани корикотурҳои таҳқиромез зидди Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар назди мактаб ба қатл расонда сари ӯро аз танаш ҷудо кард.

Ҳангоми расидани пулис ӯ низ кушта шуд. Амали кушторро тамоми давлатҳои исломӣ ва марокизи фатвову шахсиятҳои гуногун маҳкум карданд ва гуфтанд, ки ҷавон набояд ба ин шакл бархурд мекард. Аммо пас аз он қарори президенти Фаронса барои идомаи нашри корикотурҳои тавҳиномез дар чорчӯби озодии баён хашми мусалмонҳоро бештар кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Падару писар дар Душанбе чанд биноро ба истифода доданд

Имрӯз, 20-уми июн, дар шаҳри Душанбе чанд иншооти нав...

Танҳо дар панҷ моҳ Русия аз муҳоҷирон 805 миллион доллар фойда ба даст овард

Дар панҷ моҳи аввали соли 2025 муҳоҷирони корӣ ба...

Нигаронии СММ аз ташдиди танишҳо байни Эрону Исроил

Созмони Милали Муттаҳид аз паёмади ҷанги Исроилу Эрон ва афзоиши шумори оворагону муҳоҷирон изҳори нигаронӣ кард.

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ нишасти Кумитаи амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена баргузор гардид.