33.9 C
Dushanbe

Боздошти ду корманди ҳукумати ноҳияи Ёвон

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ду корманди ҳукуматро бо айби даст доштан дар “хилофкорӣ ва тақсими нодурусти қитъаи замин барои бунёди манзили зист” боздошт карданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Ин ду боздоштшуда, яке Аскар Набизода, муовини раиси ноҳияи Ёвон ва Хайриддин Саидмуродзода, роҳбари Идораи замини ҳамин ноҳия мебошанд. Қарори боздошти ин ду гумонбар, пас аз санҷиши додситонии вилояти Хатлон содир шудааст.

Ба хабарнигорони “Аздо ТВ” муяссар нашуд, то наздикони ин боздоштшудаҳоро пайдо кунанд.

Гуноҳи Аскар Набизода ва Хайриддин Саидмуродзода то ҳол исботи худро наёфтаанд.  Ду корманди ҳукумати ноҳияи Ёвон ба Радиои Озодӣ ба ҳабси пешакӣ гирифтани ин 2 гумонбарро тасдиқ кардаанд. Ин манбаъ дар идома иброз доштааст, ки дар маҷлиси охири ҳукумати ноҳия гуфтаанд, ки Аскар Набизода бинобар талаботи ҷойивазкунии кадрҳо аз вазифаи муовини раиси ноҳияи Ёвон сабукдӯш карда шуд.

Хайриддин Саидмуродзода низ дар маҷлисҳои ахир иштирок надоштааст, сабаби иштирок надоштанашро рухсатии меҳнатӣ гуфтаанд. Вале ин ду корманди ҳукумати ноҳия бар ин назаранд, ки Аскар Набизода ва Хайриддин Саидмурозодаро тақрибан 2 ҳафта пеш боздошт карда буданд.

Дар Додситонии вилояти Хатлон барои ворид накардани халал ба рафти тафтишот, аз додани шарҳ худдорӣ кардаанд. Боздошти ин 2 корманди ҳукумат дар ҳолест, ки солҳои ахир ҳолатҳои ришваситонӣ ҳангоми тақсими замин зиёд дида мешавад. Худи Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сӯҳбатҳояш заминфурӯшии мансабдоронро “дарди бедаво” ном карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.