-3.1 C
Dushanbe

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо гумони тероризим ва ғоратгарӣ

Хабаргузории “Фантанка”, хабар дод, ки мақомоти қудратии Русия дар шаҳри Маскав чанд шаҳрванди хориҷиро боздошт карданд, ки дар байни боздоштшудагон ду шаҳрванди Тоҷикистон низ будаанд.

Ба ин иттилои ин хабаргузорӣ, амалиёти вижаро мақомоти Санкт-Петербург якҷо бо кормандони хадамоти ҳифзи сохти конститутсионӣ ва мубориза бо терроризми Раёсати ФСБ Русия дар шаҳру вилояти Маскав ва ҳамчунин мутахассисони бозҷӯии ин шаҳр анҷом доданд.

Дар идомаи хабар гуфта шудааст, ки дар рафти тафтишот аз манзили муҳоҷирон силоҳ ва адабиёти мамнӯи экстремистӣ пайдо  карда шудааст.

Гуфта мешавад, яке аз тоҷикистониёни боздоштшуда дар Русия ғайриқонунӣ қарор дошта, бидуни ҳеҷ санади расмии будубош будааст, нафари дигар дар Маскав сабтином шудааст.

Ҳамчунин аз руйи иттилои мунташир гардида, гуфта мешавад, муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик эҳтимол дар ҳамлаҳои ғоратгарон, ки дар Петербург дар моҳи сентябр сурат гирифта буд, даст доштанд.

Ғоратгарон он замон дар рӯй ниқоб аз як ширкати сохтмонӣ 1 миллин рублро рабуда будаанд. Дар пайи ин ҳодиса шаҳрвандони Узбекистон дастгир шуда буданд.

Як корманди ВКД, ки ҳоло мустаъфӣ аст, ба “Аздо тв” гуфт:

“Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия як бор ва ё ду бор нест, ки расонаӣ мешавад, ҳар моҳ қариб ду се бор матбуоти Русия хабар медиҳанд, ки фалон шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони терористӣ боздошт карданд, ки дигар барои онҳо ҳама терорист шудааст. Асли қазияро бояд дар худи Тоҷикистон ҷустуҷӯй кард, зеро мақомоти Тоҷикистон ба мақмоти Русия ҳамкории зич доранд, нафароне, ки дар хориҷи кишвар хусусан дар Русия нисбати ҳукумат камбудиҳояшро мегӯянд, ё дар мавриди дин пуштибонӣ мекунанд, аз Тоҷикистон ба  мақомоти Русия маълумот равон мекунанд, ки ҳамон нафарро зери назорат, гиред, ки ифротӣ шудааст, баъдан мақомоти Русия он ҷавонҳоро ба гумони терористӣ боздошт мекунанд”.

“Ҳукумати Тоҷикистон ҳар қадар маълумоте, ки медиҳад, дар Русия ҳамон қадар шаҳрвандонро ба гумони терористӣ боздошт мекунанд”, – мегӯяд манбаи мо.

Тӯли чанд моҳи ахир иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми терроризм дастгир мешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи боздоштшудаҳо расман чизе намегӯяд, вале коршиносон бар ин назаранд, ки аксари ин боздоштмешудаҳо аз ҷониби худи мақомоти Тоҷикистон машкук ва ё бо ҳамин иттиҳомот дар пайгард қарор доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Куштори даҳшатбор дар шаҳри Конибодом

Мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд омилони ҳодисаи куштори 6 узви як хонаводаро ҷустуҷӯ доранд.

ВКД ба тоҷирон ҳушдор дод!

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз тоҷирони кишвар хост, ки аз хариду фурӯши маводҳои тарфгарӣ худдорӣ кунанд.

Русия: Муҳоҷирон бояд аз муассисаҳои таълимӣ дуртар зиндагӣ кунанд

Вакилони парлумони Русия бо тарҳи қонуне мегӯянд, муҳоҷирони корӣ бояд аз муассисаҳои таълимӣ дуртар зиндагӣ кунанд.

Суқуқти ҳукумати Башшор ва омадани ҳукумати нав дар Сурия

Ҳукумати Башшор Асад бомдоди рӯзи 8-уми декабри соли ҷорӣ бо дасти мухолифон сарнагун шуд.