Фаврӣ! Боздошти ду сокини ВМКБ баъди бозгашт ба Тоҷикистон

Ду сокини шаҳри Хоруғ баъди бозгашт ба Тоҷикистон аз ҷониби кормандони ВКД боздошт шудаанд. Дар ин бора Pamir Daily News хабар медиҳад.

Яке аз боздоштшудаҳо, раиси ҷавонони Бархоруғ Содиқ Амадбеков ва дуюмӣ Гулаёз Гулаёзов буда, ҳангоми бозгашт аз Туркия ба ватан боздошт шудаанд.

Ба навиштаи манбаъ, ин ҷавонон бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ба “авбошӣ” муттаҳам мешаванд. Сабаби ба “авбошӣ” айбдор шудани Амадбеков ва Гулаёзов даст доштанашон дар ҷанге, ки моҳи сентябри соли 2020 байни ҷавонон баъд аз бозии футболи дастаҳои  “Гулакен” ва  “Бархоруғ” рух дода буд, гуфта мешавад.

Шоми 5-уми январи соли ҷорӣ мақомоти қудратӣ аз тариқи телевизиони вилоятии Бадахшон нисбати ин ҷавонон расман айб эълон карданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло Содиқ ва Гулаёз дар шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Душанбе қарор доранд.

Гуфта мешаванд, ин ҷавонони сокинони ВМКБ аз варзишгарони муваффақ ҳастанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.