Боздошти як шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав бо гумони узвият дар ДОИШ
Акс: ИнтернетСурат: rbc.ru аз навори видеоии (ФСБ) Бино ба иттилои “ТАСС” Хадматои федеролии амнияти Русия (ФСБ) як гурӯҳе аз созмони Давлати исломӣ (ДОИШ)-ро, ки дар Русия мамнӯъ аст, ошкор намуда, аз як амали террористӣ дар вилояти Маскав пешгирӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки аъзои ин даста дар минтақаи Маскав амалҳои террористиро тарҳрезӣ мекардаанд. Дар ин бора […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: ИнтернетСурат: rbc.ru аз навори видеоии (ФСБ)
Бино ба иттилои “ТАСС” Хадматои федеролии амнияти Русия (ФСБ) як гурӯҳе аз созмони Давлати исломӣ (ДОИШ)-ро, ки дар Русия мамнӯъ аст, ошкор намуда, аз як амали террористӣ дар вилояти Маскав пешгирӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки аъзои ин даста дар минтақаи Маскав амалҳои террористиро тарҳрезӣ мекардаанд. Дар ин бора ба ТАСС рӯзи чоршанбе аз Маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти федеролии амнияти Русия хабар доданд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки дар рафти тафтишот муайян шуда, ки дар миёни аъзоёни ин гурӯҳ яке аз онҳо шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, вале дар бораи ҳувияти он ва аз кадом кишвари Осиёи Марказӣ аст, чизе гуфта намешавад.
Тавре аз навори видеоӣ, ки онро Маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти махсуси Русия паҳн кардааст, дида мешавад, ки тақрибан панҷ нафар боздошт шуданд. Ҳангоми намоиш додани шиносномаҳои боздоштшудаҳо, шиносномаи яке аз онҳо ба шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон хеле шабоҳат дорад. Аммо дар бораи ҳувияти он чизе гуфтан барвақт аст.
Ба иттилои Хадамоти федеролии амнияти Русия дар ҷараёни ин амалиёт аз ҷойи будубоши онҳо маводҳои тарканда ва худсохти пур аз унсурҳои зарбадор, ашё ва ҳуҷҷатҳои дигар ёфт ва мусодира шудааст.
Давоми як соли ахир чанд маротиба аст, ки боздошти шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандоин Тоҷикистон дар Русия бо чунин иттиҳом зиёд расонаӣ мешавад.
Расонаҳои русӣ 29 июли соли ҷорӣ аз боздошти 7 шаҳрванди Тоҷикистон хабар дода буданд, ки гуфта мешуд, онҳо бо ҷурми ҷонибдорӣ аз гурӯҳи террористии ДОИШ гумонбар дониста, нисбати баъзеашон бо иттиҳоми “мусоидат ба фаъолияти террористӣ бо роҳи маблағгузорӣ” парванда боз шудааст.
Вале то ҳол аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи он шаҳрвандони тоҷике, ки дар Русия бо гумони ҳамдастӣ бо ДОИШ ва ё амалҳои террористӣ дастгир мешаванд, ҳеч изҳороте нашр нашудааст.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.