26.9 C
Dushanbe

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо дархости Қирғизистон

Фурқат Абдуфаттоев, шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистонро, ки мақомоти Қирғизистон ба “тирандозӣ ба сӯйи Қирғизистон” дар рӯзи 13-уми марти соли 2019 айбдор мекунанд, бо дархости ин кишвар дар ноҳияи Кугарчинскии Бошқирдистони Русия дастгир кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Пайвандони ин шаҳрванди боздоштшуда иддаои мақомоти Қирғизистонро рад намуда, мегӯянд, ки Фурқат Абдуфаттоев дар он вақт дар шаҳри Новосибирски Русия қарор дошт. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон расман шарҳе надодаанд.

Фурӯзон Неъматов, бародарзодаи Фурқат Абдуфаттоев, дар таъйиди ин хабар рӯзи 2-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки амакаш дар он рӯзҳо дар Русия қарор дошт ва санадҳои тасдиқкунанда дар ин бора вуҷуд дорад. Ба иддаои наздиконаш, Фурқат Абдуфаттоев рӯзи 19 марти соли 2019 ба зодгоҳаш баргашта буд ва иддаои мақомоти Қирғизистонро бе поя арзёбӣ кардаанд.

Бародарзодаи Абдуфаттоев мегӯяд, ки амакаш дар дӯкони ӯ ба ҳайси фурӯшанда кор мекард ва рӯзи 31-уми январи имсол дастгир шуд ва то лаҳзаи боздошт мақомот ба Абдуфаттоев дар бораи дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор доштанаш чизе нагуфта буданд.

Ёдовар мешавем, ин бори дувум аст, ки бо дархости Қирғизистон сокинони Ворух дар Русия боздошт мешаванд. Як моҳ пеш бо дархости ин кишвар Диловар Ҷӯраев, сокини дигари Ворух ҳам дастгир шуда буд.

Фурӯзон Неъматов бародарзодаи Фурқат Абдуфаттоев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бино ба иттилои  онҳо, мақомоти Қирғизистон 23 сокини дигари Ворухро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор додаанд.

Баҳси марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки идома дорад, ҳамеша баҳс байни сокинон рӯх медиҳад, ки ҳатто аз ду тараф шаҳрвандон дар ин муноқишаҳо ба ҳалокат расидаанд, вале ҷониби Тоҷикистон қурбонии бештаре доштааст.

То ба имрӯз мақомоти ду кишвар натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро пурра муайян кунанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.