30.9 C
Dushanbe

Боздошти як зани тоҷик бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир

Кормандони пулиси Русия дар вилояти Свердловск як зани 53-солаи шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони қочоқи маводди мухаддир боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои SM.News Екатерингбург, ин ҳодиса моҳи июни соли ҷорӣ рух дода, кормандони пулис ин шаҳрванди Тоҷикистонро аз қатори мусофирбарии Маскав – Владивосток дар истгоҳи Шаляи вилояти Свердловск берун оварда, боздошт кардаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ин зани тоҷик дар ҷузвдони варзияш 300 грамм маводи мухаддир дошт ва мехостааст онро дар Новосибирск фурӯшад.

Нисбати ин зани тоҷик барои кӯшиши фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир парвандаи ҷиноӣ боз шуда, додситонӣ парвандаро ба додгоҳ фиристодааст.

Назари худи боздоштшуда ва ному насаби ӯ дастраси расонаҳо нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.