13.9 C
Dushanbe

Боздошти Имрон Хон мавҷи нооромиҳоро дар Покистон ба вуҷуд овард

Собиқ Нахуствазири Покистон, ки 9-уми майи соли ҷорӣ дар дохили бинои Додгоҳи олии ин кишвар дар шаҳри Исломобод боздошт гардид, мавҷи эътирозҳо ва ноамниҳоро дар ин кишвар ба вуҷуд овардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, бар асоси ҳукми додгоҳ боздошти собиқ Нахуствазири Покистон ба муҳлати 8 рӯз тамдид гардида, қарор аст 17-уми майи соли ҷорӣ дубора ба додгоҳ иҳзор шавад.

Зуҳри рӯзи 9-уми май Имрон Хон барои изи ангуштсупорӣ дар бархе парвандҳое, ки ба он муттаҳам мешуд, аз маркази иёлати Панҷоби шаҳри Лоҳур ба пойтахти ин кишвар шаҳри Исломобод рафт, вале пеш аз анҷоми ин кор тавассути нерӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии кишвараш боздошт гардид.

Дар наворҳое, ки рафти ин боздоштро сабт кардаву ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки собиқ Нахуствазири Покистон бо аробачаи маъюбӣ дар додгоҳ ҳозир шудааст, вале вақте нерӯҳои махсус ба бинои додгоҳ ҳамла карда, ӯро боздошт мекунанд, даҳҳо нафар аз низомипӯшҳо ӯро дар иҳотаи худ қарор дода, давон-давон то дохили мошин мерасонанд ва сипас маҳалли ҳодисаро тарк мекунанд.

Имрон Хон пеш аз ворид шудан ба бинои додгоҳ эълон карда буд, ки омодааст, ки барои иттиҳомоте, ки алайҳи ӯ эълон шудааст, ба додгоҳ рафта посух гӯяд. Вай то ин замон борҳо дар додгоҳҳо ҳузур пайдо карда буд, вале дирӯз пеш аз ин, ки вориди додгоҳ шавад, бори дигар артиши кишварашро ба даст доштан дар сӯиқасд ба ҷонаш муттаҳам карда гуфт, барои боздошти вай ҳеч зарурате вуҷуд надорад, ки артиш садҳо нафарро саргардон карда, саҳнасозӣ кунад, вай омода аст, ки бо як ҳалномаи додгоҳӣ худаш ба зиндон биравад.

Хабари боздошти собиқ Нахуствазир, ки ҳаводоронаш онро амали ғайриқонунӣ, одамрабоӣ ва ҷинояти артиш ҳам аразёбӣ кардаанд, қаҳру ғазаби садҳо ҳазор покистониро ба вуҷуд оварда, худи ҳамон рӯз дар бузургшаҳрҳои ин кишвар, ба хусус шаҳрҳои Исломободу Ровилпиндӣ, Лоҳуру Карочӣ, Мултону Пишовар, Кувейта ва ғайра ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва хеле аз таҷҳизот ва биноҳои мансуб ба артишро мавриди ҳамла қарор доданд.

Артиши Покистон субҳи имрӯз гуфт, тибқи қонун Имрон Хонро дар ҳиросату нигаҳбонии худ гирифтааст, вале ҳаводоронаш ба таҷҳизот, биноҳо ва амлоку дороиҳои мансуб ба артиш ҳамла карда, алайҳи он шиорпартоӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар бархе раҳбарони Ҳизби Таҳрики Инсоф ҳам тариқи расонҳо мардумро ба майдондорӣ ва ҳимоят аз Имрон Хон даъват карда мегӯянд, вай тамоми имтиҳоноти худашро назди мардум ва миллат супоридааст ва акнун замони он расида, ки мардум ҳам дар ин имтиҳон сарбаландона аз раҳбари худ ҳимоят кунанд.

Дар рафти ин бетартибиҳо, ки дар бархе маворид ба сангаргириҳо миёни артиш ва мардум табдил шуд, тибқи оморҳои расмӣ, дасти кам 8 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду ҷониб захмӣ шудааст. Хеле аз сарони артиш дар Исломобод ва бархе дигар аз раҳбарони он дар минтақаҳо низ аз тарси он ки мабодо дар ин кашмакашҳо ба дасти мардуми ғазаболӯд биуфтанд, ба панаҳгоҳҳо фирор кардаанд.

Гуфта мешавад, 10-уми апрели соли 2022 парлумони Покистон ба Имрон Хон, собиқ Нахуствазири ин кишвар раъйи адами этимод дода, ӯро аз ин симат барканор кард. Имрон Хон дар амри барканории худ кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси онҳо Амрико ва артиши кишварашро муттаҳам мекард. Артиши Покистон, ки то сари қудрат омадани Имрон Хон касе ҷуръат надошт алайҳи он мавзеъгирӣ кунад, ин кори Хонро убур кардан аз хатти қирмиз медонист.

Як рӯз пеш аз ин боздошт, 8-уми майи соли ҷорӣ Имрон Хон тариқи расонаҳо яке аз раҳбарони артишти Покистонро ба ду бор сӯиқасд кардан ба ҷонаш муттаҳам карда буд. Артиши Покиистон ҳам дар вокуниш ба ин иттиҳом ҳушдор дода буд, ки набояд касе аз сиёсатмадорони покитсонӣ бидуни далел алайҳи он мавзеъгирӣ кунанд.

Собиқ Нахуствазири Покистон пас аз он ки аз қудрат барканор шуд, дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвараш гирдиҳамоиҳои даҳҳо ҳазор нафариеро роҳандозӣ карда, тӯли як соли ахир тавонист беш аз пеш ба теъдоди ҳамводоронаш биафзояд. Тибқи барнома дирӯз ҳам қарор буд, ки дар пойтахти Покистон як гирдиҳамоии бузургеро ба роҳ монад, вале вақте боздошт дошт, ҳаводоронаш бо шиори ин, ки “хатти сурхи мардумро артиш ҳам набояд убур кунад” ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, озодии ӯро талаб доранд.

Гуфта мешавад, Покистон ба хотири пешгирӣ аз оғози ноамниҳо ва гирдиҳамоиҳои эҳтимолӣ дастрасӣ ба шабакаҳои мухобиротӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро дар сартосари ин кишвар маҳдуд кардааст. Вале тибқи гузориши расонаҳо, ҳаводорони Имрон Хон кӯтоҳ наомада таъкид карда буданд, ки барои озод кардани вай аз дасти артиш талош мекунанд.

Ба гуфтаи бархе коршиносон тарси артиш ва ҳукумати феълии Покистон дар он аст, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи ин кишвар барои мақоми нахуствазирӣ агар Имрон Хон бори дигар номзад шавад, баранда ва дубора сари қудрат хоҳад омад ва ба ҳамин хотир талош доранд, ки тавассути додгоҳ пеши роҳи ӯро бигиранд…

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.