Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.
Агентии зидди фасод аз гумонбар Шукурзода М. ном бурда, мегӯяд, номбурда дар вазифаи муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара кор мекард.
Ба иттилои манбаъ, тафтишот нишон дода, ки Шукурзода ҳамчун шахси мансабдор, “дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти гирифтани пора задааст.”
Гуфта мешавад, ин корманди ВКД дар шаҳри Исфара ба хотири як шахси муттаҳами дигарро (аз ӯ М.М ёд шудааст) аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан ва ӯро бегуноҳ нишон додан, моҳи феврали соли 2025 аз ӯ 20000 сомонӣ ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.
Агентии зидди фасод дар хабараш таъкид мекунад, ки худи ҳамон моҳ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шукурзода М. баъд аз гирифтани 20 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора аз шаҳрванд М.М. дар дохили мошинаш дастгир ва маблағҳои пулӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.”
Ин ниҳоди зидди фасоди кишвар мегӯяд, вобаста ба ин ҳолат нисбати Шукурзода М. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, аллакай таҳқиқи парванда ба поён расидааст ва ҳоло онро ба додҳо фиристодаанд.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон як мақомдори сохторҳои қудратии кишвар даст ба порагирӣ ва ришвахӯрӣ мезанад. Ҳамасола даҳҳо чунин мақомдор аз ниҳодҳои мухталиф, ҳатто аз худи Агентии зидди фасод ҳам ба гумони ришва ва фасод боздошт ва зиндонӣ мешаванд.
Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки падидаи фасоду ришваро дар Тоҷикистон решакан кардан амри маҳол аст. Зеро аз шахси аввали кишвар шуруъ шуда, ин амали номатлуб дар тамоми вазорату идораҳои кишвар реша давондааст.
Ҳатто чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе корбарони аз он шикоят карда буданд, ки беморхона омадаанд, посбон аввал пора мегирад баъд мегузорад ворид шавӣ. Дигар корбарон мегӯянд, ҳукумат низоме сохтааст, ки то пул надиҳӣ ҳеч корат пеш намеравад, фарқ надорад он кор қонунӣ бошад ё ғайриқонунӣ.