25.9 C
Dushanbe

Боздошти кормандони давлатӣ барои дуздии буҷети давлат

Пркуратураи генаралии Тоҷикистон аз боздошти раҳбарони корхонаҳои давлатие хабар дод, ки бо роҳҳои сохтакорӣ ва ғайриқонунӣ аз номи чанд нафар маош гирифта бо ин роҳ буҷети давлатро медуздидаанд.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии кишвар 13-уми август иттилоъ дод, ки директори мактаби миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Қаракӯли ноҳияи Мурғоб Игамбердиев Абдираим ва сармуҳосиби мактаби мазкур Жумабай Уулу Туртабек бо иттиҳоми “сохтакорӣ хидматӣ” ва “азхудкунӣ”-и буҷети давлатӣ боздошт шудаанд.

Тибқи иттилои Прокуратураи генералӣ, Игамбердиев бо маслиҳати пешкаӣ бо сармуҳосиби мактаб Жумабай Уулу Туртабек бардурӯғ аз номи 5 омӯзгори дар асл вуҷуднадошта аз моҳи май то сентябри соли 2020 10084 сомониро аз худ кадааст.

Прокуратураи ноҳияи Мурғоб директор ва сармуҳосибро боздошт ва нисбаташон бо моддаҳои 323 ва 245 парвандаи ҷинояти боз намуда, пас аз ба итмом расондани тафтишот ба додгоҳ фиристодааст.

Ин бори аввал нест, ки кормандони давлатӣ бо роҳҳои ғайриқонунӣ буҷети давлатро азхуд мекунанд.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон 12-уми август низ хабар дода буд, ки директори корхонаи давлатӣ КВД “Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Рӯшон барои ғайриқонунӣ ба кор қабул намудани шавҳараш ва аз ҳисоби ӯ маоши муфт дарёт кардан, боздошт шудааст.

Раҳбари КВД “Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Рӯшон, Вазирова Иззатбегим бо иттиҳоми “сохтакории хидматӣ” ва “азхудкунӣ” боздошт ва парвандааш ба додгоҳ фиристода шудааст. Номбурда бо моддаҳои 323 ва 245 қисми 2 бандҳои “в, г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешавад.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, тафтишот муайян намуда, ки Вазирова Иззатбегим Перузшоевна “бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, дидаю дониста, бо истифода аз вазифаҳои хизматии худ ҳамчун директори КВД “Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Рӯшон бо роҳи сохтакорӣ 04 январи соли 2018 фармони ба вазифаи нозир дар корхонаи мазкур ба кор кабул кардани шавҳараш Мирзоҷонов Изатулло Абдуллоевичро ғайриқонунӣ ба расмият даровардааст, вале охирон зиёда аз 2 сол дар ин вазифа фаъолият накардааст”.

Прокуратураи ноҳияи Рӯшон инчунин сармуҳосиби КВД “Тоҷиксуғурта” ноҳияи мазкур Сарадбекорв Сарадбекро низ дар ҳамдастӣ бо Вазирова гунаҳкор дониста боздошт кардааст.

Гуфта мешавад, тибқи маслиҳати пешакӣ Вазирова бо сармуҳосиби КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон Сарадбеков С.Н. бо истифодаи ваколати мансабии худ аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи ноябри соли 2020 ҳармоҳа ҳамчун маош ва дигар кумакпуливу хароҷотҳо бе иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шавҳараш Мирзоҷонов И.А. ғайриқонунӣ ба суратҳисоби охирон дар маҷмӯъ 15882,36 сомонӣ гузаронида, онро азони худ кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дархости мухлисони футбол аз “Барқи тоҷик”

Сокинони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз ширкати "Барқи тоҷик" талаб доранд, ки имшаб барои тамошои футболи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ан-Наср”- и Арабистони Саудӣ, барқро қатъ накунанд.

Чанд шаҳру ноҳия дар рӯзи аввал нақшаи даъватро иҷро карданд

Мақомоти ВМКБ, баъзе ноҳияҳои вилояи Хатлон ва вилояти Суғд хабар доданд, ки нақшаи даъватро дар як рӯз пурра иҷро кардаанд.

Баъди бо тухм задани Раҳмон, намоянданони ҳукумат дар нишасти САҲА ширкат мекунанд?

Нишастҳои навбатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон аз имрӯз, 2-уми октябри соли 2023 шуруъ мешавад.

Дар Тоҷикистон боздошти пайвандони мухолифон идома дорад

Бо гузашти се рӯз аз тазоҳурот ва бо тухм...