Ба иттилои расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар шоми 1-уми октябр бар киштиҳои ҷаҳонии кумакрасони “Сумуд”, ки ба сӯи Ғазза равон буданд, ҳамла кард.
Баргузоркунандагони корвони киштиҳои “Сумуд” эълом карданд, ки дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ фаъолони байналмилалиро боздошт шудаанд. Ба ин гуфтаи ин гурӯҳ, 15 киштӣ шомгоҳи рӯзи чоршанбе ва 8 киштии дигар субҳи рӯзи панҷшанбе боздошт шуданд.
Дар як баёнияе, ки аз ҷониби баргузоркунандагони ин корвон нашр шуд, гуфта мешавад, ки нерӯҳои Исроил киштиҳоро дар обҳои байналмилалӣ мутаваққиф кардааст, ки ин ғайриқонунӣ аст. Ҳамчунин дар баёнияи зикр мешавад, ки аз сарнишинони ин киштиҳо то кунун беш аз 443 нафар аз 47 кишвари дунё боздошт шудаанд.
Низ гуфта мешавад, ки ҳангоми наздик шудан, нерӯҳои исроилӣ бар сари сарнишинони киштиҳо фозилоб (ахлот) пошиданд ва бо обпош ба онҳо ҳамла карданд ва иртиботи электронии киштиҳоро пурра қатъ карданд.
Ташкилкунандкгони ин ҳаракати ҷаҳонӣ мегӯянд, ҳамлаи Исроил болои киштиҳо ва боздошти сарнишинон дар обҳои байналмилалӣ ҷинояти ҷангӣ ва нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Дар ҳамин ҳол вазоратҳои хориҷии Туркия, Испания, Партугалия, Британия ва дигарон ин ҳамлаи артиши Исроилро маҳкум карданд. Туркия мегӯяд, ҳамла бар киштиҳои ҳомили маводи кумакӣ ба Ғазза, дар обҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст, ки ин нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ ва як иқдоми террористӣ мебошад, ки ҷони ғайринизомиёнро таҳдид мекунад.
Ҳамчунин Вазорати хориҷии Испания низ субҳи панҷшанбе дар эътироз ба ҳамлаи Исроил ба киштиҳои “Сумуд” кордори Исроил дар Мадридро эҳзор кард ва хостори озодии фаврии фаъолони ҳуқуқи башар шуд. Ҳамчунин кишвари Колумбия дар вокуниш ба ин боздоштҳо фармони ихроҷи ҳайати исроилӣ аз ин кишварро содир кардааст.
Дар вокуниш ба ин ҳамлаи Исроил болои киштиҳои “Сумуд”, созмонҳо ва фаъолони ҷаҳонӣ вокуниш нишон дода, мегӯянд, ки дар он киштиҳо аз даҳҳо кишвар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, чеҳраҳои шинохта ҳузур доштанд ва ҳуҷуму боздошти онҳо нишонаи он аст, ки сиёсатҳои зӯргӯӣ ва наслкушии Исроил на танҳо бар алайҳи фаластиниён аст, балки тамоми афрод, новобаста аз қавму миллаташон, агар аз сиёсатҳои Исроил интиқод кунанд, мавриди ҳадаф қарор мегиранд.
Ба иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, то кунун беш аз 20 киштӣ мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифта, сарнишинонашон боздошт шудаанд ва ҳоло 24 киштии дигар дар роҳ ба сӯи Ғазза ҳастанд. Гуфта мешавад, баъзе киштиҳо то 9 милии соҳили Ғазза наздик рафта буданд, ки ин бори аввал аст, киштиҳои кумакӣ то ин ҳад ба Ғазза наздик мешаванд.
Шуруъ аз моҳи марти соли ҷорӣ Исроил тамоми гузаргоҳҳоро ба рӯи Ғазза баст ва воридоти маводи ғизоӣ ва кумакҳои башардӯстонаро пурра мамнуъ эълон кард. Пас аз манъи воридоти маводи ғизоӣ, қаҳтии шадид Ғаззаро фаро гирифта, рӯзона даҳҳо зану кӯдак ва калонсолон аз гуруснагӣ ҷон медиҳанд.
Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, Исроил аз як сӯ Ғаззаро ба шиддат бомборон дорад ва аз сӯи дигар гуруснагиро низ ҳамчун силоҳ бар зидди фаластиниён истифода мебарад.
Бар асоси иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, аз моҳи октябри соли 2023 то кунун бар асари ҳамлаҳои Исроил беш аз 66 ҳазор аҳолии Ғазза кушта шуда, наздики 170 ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Ва ҳамчунин байни 10 то 15 ҳазор нафари дигар зери овораҳо монда, беному нишон гаштаанд.
Ёдовар мешавем, ки корвони киштиҳои “Сумуд” аз авоили моҳи сентябри соли ҷорӣ бо 45 киштии маданӣ аз кишварҳои мухталиф бо ҳадафи маъмурияти интиқоли кумакҳои башардӯстона, ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ва шикастани муҳосираи тӯлонии Ғазза ва кушодани роҳи баҳрӣ барои расондани кумакҳо ба ин борика ташкил шуда буд.