Уммон: “пешравиҳои мусбат” дар музокироти Эрону Амрико дида мешавад

Вазорати корҳои хориҷии Уммон дар пайи гуфтугӯҳои ахири ғайримустақими Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Женева аз “омодагии бесобиқа”-и ду тараф хабар дод.

Дар даври сеюми музокироти ғайримустақими Эрону Амрико, ки 26-уми феврали соли 2026 бо миёнҷигарии кишвари Уммон дар шаҳри Женеваи Швейтсария оғоз гардид, Амрико аз тарҳи нави Эрон барои сулҳ истиқол намуда, тарафҳо аз омодагии худ барои баррасӣ ва ҳалли роҳҳои нав хабар медиҳанд.

Вазорати корҳои хориҷии Уммон дар изҳороти расмӣ эълон кард, ки Бадр Бусаъидӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, ки миёнҷигари асосии гуфтугӯҳост, пас аз вохӯриҳои алоҳида бо ҳайатҳои эронӣ ва амрикоӣ дар мақарри намояндагии дипломатии Уммон дар Женева, аз “омодагии бесобиқа”-и ду тараф барои ҳаракат ба сӯи созишномаи “одилона ва пойдор” хабар дод.

Бусаъидӣ таъкид кард, ки музокиракунандагон дар фазои мусоид ва бо суръати муносиб дар ҳоли мубодилаи аҳдофи нав ҳастанд ва пешниҳодҳои матраҳшуда дар ин давр бо истиқбол рӯбарӯ гардидааст. Ӯ афзуд: “Тарафҳо дар ҳоли фароҳам овардани шароити зарурӣ барои пешрафти воқеӣ ва расидан ба созишномае бо кафолатҳои пойдор мебошанд.”

Бар асоси изҳороти Уммон, вазири корҳои хориҷии ин кишвар пешниҳодҳои Эрон дар бораи ҳалли парвандаи барномаи ҳастаиро ба Стив Виткоф, фиристодаи вежаи президенти ИМА ва Ҷаред Кушнер, мушовир ва домоди Доналд Трамп интиқол дод. Ҳайати амрикоӣ низ дар посух, саволҳо ва дидгоҳҳои худро дар бораи унсурҳои асосии барномаи ҳастаии Эрон, кафолатҳои техникӣ, назоратӣ ва дигар масоили марбут матраҳ кардааст.

Ҳайати музокиракунандаи эрониро Аббос Эроқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар бар уҳда дорад. Ҳайати Эрон аз коршиносони баландпояи ҳастаӣ иборат буда, ба ҷуз масоили ҳастаӣ, бардошти таҳримҳо, масоили ҳуқуқӣ ва иқтисодиро низ дар музокирот ба миён мегузоранд. Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, пеш аз оғози даври нави музокирот таъкид кард, ки Теҳрон “то ҳар вақте лозим бошад” омодаи музокира ҳаст ва бар “ҷиддияти Эрон барои расидан ба натиҷаҳои мушаххас” исрор дорад.

Аз тарафи дигар, ҳайати амрикоӣ бо риёсати Стив Виткоф ва бо ҳузури Ҷаред Кушнер дар гуфтугӯҳо ширкат дорад. Ин давр пас аз он баргузор мешавад, ки Доналд Трамп, президенти ИМА дар суханронии ахири худ дар Конгресс аз идомаи музокирот бо Теҳрон хабар дод, аммо таъкид кард, ки ҳанӯз кафолати дақиқи даст кашидан аз пайгирии силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Эрон дарёфт накардааст.

Аммо Масъуд Пизишкӣён, президенти Эрон дар посух ба изҳороти Трамп рӯзи гузашта эълон кард, ки кишвараш дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ нест ва ба фатвои раҳбари Инқилоби исломӣ Халӣ Хоманаӣ дар ин замина пойбанд аст, ки ӯ сохтани силоҳи ҳастаиро аз нигоҳи эътиқодӣ ҳарром эълон кардааст.

Ба назари коршиносон, даври сеюми музокироти Эрону Амрико метавонад нуқтаи гардише дар пешгирӣ аз тавсеаи танишҳо бошад, ҳарчанд мушкилоти сиёсӣ, кафолатҳои амниятӣ ҳамчунон боқӣ мемонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.