27.9 C
Dushanbe

ВКД як муттаҳамро баъди 9 соли ҷиноят боздошт кард

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара мардеро боздошт кардааст, ки ба даст доштан дар як ҷинояти қаллобии 9 соли пеш суратгирифта муттаҳам мешавад.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 7-уми марти соли ҷорӣ хабар дод, ки як марди 56-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони қаллобӣ ва гирифтани пора аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳр боздошт шуд.

Дар хабари ВКД аз гумонбар ном бурда нашудааст, аммо гуфта мешавад, ин марди 56-сола моҳи феврали соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии як ҷавони 24-солаи сокини маҳаллӣ даромада, “ба ваъдаи гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,06 га аз ҳудуди шаҳри Исфара 13 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.”

Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин нагуфтааст, ки боздоштшуда он солҳо чӣ мансабу вазифае дошт, ки барои гирифтани қитъаи замин ба дигарон ваъда додааст.

“Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.”, таъкид мешавад дар хабари ВКД.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишастҳои матбуотии вазоратхонаҳо шурӯъ мешавад.

Қарор аст, шурӯъ аз 21-уми июли соли ҷорӣ нишастҳои...

Баргузории нишасти навбатии ҲНИТ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти худ...

Норасоии оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳукумати...

Русияву Чин вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин дар рафти мулоқоти...