Бо чӣ ҷурме муовини директори мактаб боздошт шуд?

Муовини директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Вахш Давлатов Саидалӣ аз ҷониби мақомоти амнияти ноҳия боздошт ва нисбаташ парванда боз шуд.

Акс аз сомонаи “diplomb-24.com”

Бино ба иттилои маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, Давлатов Сайдалӣ Сунатуллоевич барои додани шаҳодатномаи хатми мактаби миёна ба донишомӯзе, ки умуман таҳсил накардааст, айбдор мешавад.

“Давлатов Сайдалӣ Сунатуллоевич, аз 8 июни соли 2022 дар вазифаи муовини директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Вахш кор карда, ғайриқонунӣ дидаю дониста, ки Ҳабибзода Шукрона Умаралӣ санаи таваллудаш 09.05 соли 2006 дар синфи 6, 7 ва 8 умуман таҳсил накарда, танҳо аз 01 январи соли 2022 ба синфи 9 рафта таҳсил намудааст, 20 июли соли 2022 бо роҳи сохтакорӣ баҳои азхуднакардаи хонандаро қалбакӣ гузошта, аттестати силсилаи Т-АТА таҳти №1421445 дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ навишта, ба Ҳабибзода Ш.У. додааст.”, омадааст дар хабар.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки муовини директор барои ин кораш чанд қадар маблағ талаб карда ва ё гирифтааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон инчунин Давлатовро дар азхудкунии маводи хӯрокаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба маблағи наздики 27 ҳазор сомонӣ муттаҳам медонад.

Гуфта мешавад “ӯ аз 19.08.2021 сол ҳамчун шахси мутасаддӣ оид ба тақсимоти маводҳои хӯрокаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар МТМУ №35-и ноҳияи Вахш кор карда, дар давраи соли хониши 2021-2022 молу маҳсулоти хӯрокаро ба маблағи 3148,67 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 26731,67 сомониро азонихуд карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.”

Вобаста ба ин ҳолатҳо, алайҳи муттаҳам Давлатов Сайдалӣ Додситонии вилояти Хатлон “бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323 қисми 1-и ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тифтишотро низ ба охир расондааст.

Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз 20 январи соли 2022 Давлатовро “бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323 қисми 1-и ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима 25600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.”

Додгоҳи ноҳияи Хуросон дар ҳоле Давлатовро ҷазо дар шакли ҷарима ба андозаи 25600 сомонӣ таъйин кардааст, ки маблағҳои азхудкардаи ӯ бештар аз ҷаримаи таъйин кардаи додгоҳ мебошад.

Ба гуфтаи аксари огоҳони умур, дар Тоҷикистон одатан мансабдороне, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва ё ришва боздошт мешаванд, бо шиносбозӣ ва пардохти маблағи рамзӣ худро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда, бори дигар сари кори худ бармегарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.