Дилшод Саидмуродов, яке аз муттаҳамон дар парвандаи қатли муовини Ҳасан Асадуллозода дар дасти мақомот дар шаҳри Душанбе аст.
Субҳи 10-уми октябри соли 2023 Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дода буд: Дилшоди СБ мавриди муомилаи мақомоти Тоҷикистон ва Русия қарор гирифт.
Муассиси сомонаи Ислоҳ.нет бо такия ба манобеи худ таъкид карда буд, ки Дилшод Саидмуродов “се рӯз аст таҳти бозпурсии муфаттишон дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Чаро то ҳол мақомот хомӯшанд?”
То замони таҳияи ин хабар мақомоти Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар бораи ин “муомила”-и хуб бо ҳамтоёни русиашон иттилоъ надодаанд, ки он чӣ гуна сурати гирифтааст. Аммо тавассути ҷонибдорони ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое пайдо шуда, ки дида мешавад, дар дастону пойҳои марде, ки онро Дилшод Саидмуродов ном мебаранд, завлона зада шуда, бо сари хам болои курсие нишастааст.
Пеш аз ин, дар 28-уми августи соли ҷорӣ Рамазон Раҳимзода ба Маскав рафта бо ҳамтои русиаш генерали политсия Колоколсев Владимир Александрович мулоқот карда буд.
Он замон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки ин сафар бо супориши Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар рафти он “масъалаи дастгир намудани ҷинояткор Саидмуродов Д. вобаста ба гаравгон ва куштори муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мегардад.”
Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки “23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, ҷойи кораш – муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар” рабуда шудааст.
Додситони кулли Тоҷикистон дар гузашта Дилшод Саидмуродовро раҳбари гурӯҳи одамрабоён дар мисоли Шуҳрат Исматуллоев муаррифӣ карда гуфта буд: “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд”.
Гуфта мешавад, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” дар ноҳияи Варзоб кушта шуда, ҷасади ӯро ба об андохта буданд ва мақомот баъди ҷусҷӯҳои зиёде ҷасади ӯро аз соҳили рӯдхонае дар шаҳри Панҷакент, пайдо карданд.
Шуҳрат Исматуллоев то замони боздошт ва рабуданаш зиёда аз 15 сол ҳамчун ёвари додаруси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода дар ҶСК “Ориёнбонк” кор мекард. Ӯ дар байни хеле аз муштариёни ҶСК “Ориёнбонк” ба бонкдори асосие, ки онро идора мекунад, низ шуҳрат дошт.
Аз замони анҷоми рабудани муовини Ҳасан Асадуллозода то ҳол мақомоти Тоҷикистон дасти кам 13 каси дигарро ҳам боздошт карда буданд ва агар хабари боздошти Дилшод Саидмуродов сиҳат дошта бошад, ӯ 14-умин нафаре ҳаст, ки дар ин парванда боздошт шудааст.
Дар бораи ин ҳама иттиҳомот ва боздошти Дилшод Саидмуров то ҳол на худи боздоштшуда ва на наздикону пайвандон ва ё адвокати вай ба расонаҳо ибрози назар накардаанд.