23.9 C
Dushanbe

Боздошти сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун бо иттиҳоми суистифода аз мансаб

Неъматулло Солеҳзода, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ), бо иттиҳоми “суистифода аз мансаб” дастгир шудааст. Солеҳзода моҳи январи соли 2020 ба ин мақом таъин шуда буд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Бар асоси ин гузориш дар Вазорати корҳои дохилӣ хабари боздошти Солеҳзодаро расман тасдиқ ё рад накарданд, аммо Додситонӣ ва Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар суҳбат ба ин расона хабарро таъйид намуданд.

Манбаъ бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 11-уми март гуфт, “фармони боздошти ӯ аз сӯйи додситони кулли Тоҷикистон пас аз тафтиши парвандаи кочоқи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар сурат гирифт.”

Ҷузъиёти рабт доштани ин мақоми пулис дар кочоқи тиллову миллионҳо доллар ҳанӯз равшан нест. Неъматулло Солеҳзода, ки Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳунро роҳбарӣ мекунад, дар марз бо Афғонистон қарор дорад. Гузаргоҳи гумрукии “Панҷи Поён” низ дар ҳудуди ин ноҳия аст.

Солеҳзода дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дорад. Бар асоси иттилои манбаи Озодӣ, Неъматулло Солеҳзода хеши наздики яке аз мансабдори баландпояи Тоҷикистон аст ва имкон дорад, ин хешовандӣ ба сарнавишти минбаъдааш таъсир гузорад.

Ин ҳам дар холест, ки Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун аз боздошти Солеҳзода изҳори бехабарӣ карда гуфтаанд, ки се рӯз боз сари кор наомада аст. Ду шумораи мобилии ӯ рӯзи 11‑уми март фаъол набуданд.

Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, “шахсан дар ин бора хабар надорад”.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2020 дар фурудгоҳи Душанбе як гурӯҳи иборат аз 7 нафарро ҳангоми кӯшиши интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар ба Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт карданд.

Юсуф Раҳмон прокурори генералии Тоҷикистон ахиран боздошти гурӯҳи қочоқбар бо наздики 90 кило тилло ва миллионҳо долларро тасдиқ карда ва дар як гузоришаш ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ чунин гуфт:

“Аз онҳо 89 килою 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта ва мусодира гардид”.

Ҳамчунин Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукии Тоҷикистон низ ҷой доштани ин ҳолатро тайид карда гуфт, ки дар доираи парвандаи талоши қочоқи тилло ва пул ба хориҷа се корманди ин ниҳодаш низ боздошт шудаанд. Қарори додгоҳ низ расман дар мавриди ин парванда феълан эълон нашудааст.

Ин қазия замоне доғ шуд, ки расонаҳои Афғонистон навиштанд, ки молҳои мусодирашуда дар Душанбе ба Мирзо Катавозай, муовини аввали Маҷлиси Намояндагони ин кишвар таалуқ доранд. Ин мақомдори Афғонистон, ки ҳоло мақомашро аз даст дод, дар охири моҳи феврал ҳангоми сафар ба Душанбе ин иттиҳомро рад кард.

Ӯ дар суҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки молу маҳсулоти ба қавли мақомоти тоҷик, кочоқӣ ба ӯ тааллуқ надорад.

Аммо сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон Зафар Муҳаммадиев мегӯяд, ин тиллову маблағҳо ба Тоҷикистон расмӣ ворид шуда буданд. Зафар Муҳаммадиев дар нишасти матбуотии 11-уми феврали соли ҷорӣ дар ин маврид ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” чунин посух дод:

“Ин чизҳо буд ва ин гуна борҳо тариқи Узбакистон низ гузашта мерафт. Вай овард (шахси масъули ҷониби Афғонистон) дар сарҳад қайд кард, кормандони мо ба расмияти гумрукӣ дароварданд. Мушоият (ҳайати ҳамроҳикунандаи ин ниҳод)-и мо аз инҷо гирифт ба фурудгоҳи Душанбе бурда супорид. Аз фурудгоҳи Душанбе бояд ба Дубай мепарид”.

Коршиносон тахмин мезананд, ки дар ин қочоқ пойи кадом мақоми баландпояи кишвари Афғонистон дар васат ҳаст.

Рафтани Саймумин Ятимов ба Афғонистон ва баъд аз он садо додани вуҷуди низомиёни ҲНИТ дар Афғонистонро мухолифон як мубодилае медонанд, ки бар асари ин қочоқ ба вуҷуд омадааст. Вале маълумотҳои дигаре низ дар расонаҳо ба нашр расида, ки дар миёни ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “баҳс танҳо бар сари 90 кг тиллову 15 млн доллар нест. Ин манбаъ мегӯяд, ҳарчанд ҳоло ба додгоҳ танҳо парвандаи пешгирӣ аз қочоқи 90 кг тиллову 15 млн доллар ворид шудааст, аммо давоми моҳҳои сентябр-ноябри соли 2020 аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон 1 тоннаву 200 кило тилло ва 112 миллион доллар ба Дубай бурда шудааст.

Амалиёти боздошти ин гурӯҳ аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Нисбат ба кочоқи 1200 кило тилло ва 112 миллион доллар нишондоди боздоштшудаҳо ҳаст, вале парванда аз рӯйи далели 90 кило тилло ва 15 миллион доллар баррасӣ мешавад. Ин ду мавриди алоҳида аст. Вобаста ба 1200 кило тилло ва 112 миллион доллар таҳқиқ идома дорад ва ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.