Боздошти се зодаи Осиёи Марказӣ ва заҳролудшавии беш аз 20 нафар дар Русия

Пулиси Русия се зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир ва заҳролуд кардани беш аз 20 нафар боздошт кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дар шаҳри Астрахани Русия 3 нафар ба сабаби истеъмоли аз ҳад зиёди маводи мухаддири навъи “метадон” ба ҳалокат расида, ҳудуди 20 нафари дигар заҳролуд шудаанд. Аммо шабакаи телеграмии “Shot” шумори ҳалокшудаҳоро 4 нафар ва заҳролудшудаҳоро 26 нафар мегӯяд.

Тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустии вилоят, дар ҳоли ҳозир 17 нафар аз заҳролудшудагон таҳти табобат дар бемористон қарор доранд, ки вазъи 6 нафари онҳо вазнин ва 11 нафари дигар миёна гуфта мешавад. Инчунин 2 нафари дигар пас аз расонидани ёрии тиббӣ аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, расонаи русии “Известия” бо такя ба манобеи худ менависад, ки аксари қурбониён ҷавонон буданд ва дар миёни ҳалокшудагон ду духтари 19-сола мебошад. Ҷасади яке аз ин духтарон, ки донишҷӯи коллеҷи тиббӣ будааст, дар даромадгоҳи бинои истиқоматӣ ёфт шуда, ҷасади духтари дуюмро аз манзилаш пайдо кардаанд.

Инчунин як марди 29-сола, ки қаблан барои қаллобӣ, дуздӣ ва истеъмоли маводи мухаддир боздошт шуда буд, ба ҳалокат расидааст. Дар бораи нафари чаҳорум ҳанӯз хабаре нест.

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Астрахан аз рӯи ин ҳодиса тибқи банди «а» қисми 3 моддаи 228. 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (Фурӯши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё аналогҳои онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз карда, се нафар аз зодагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро боздошт кардааст.

Ба иддаои расонаҳои русӣ, ин 3 нафар вақте аз заҳролудшавии сокинони вилоят хабардор мешаванд, ба автобус савор шуда, аз Астрахан ба Ставропол мераванд, аммо дар онҷо аз ҷониби кормандони мақомот боздошт мешаванд.

Ду боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шуданд ва ба онҳо то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

То ҳол маълум нест, зодаи Тоҷикистон, ки миёни боздоштшудаҳост иттиҳоми мақомотро қабул кардааст ё на.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.