Боздошти як ҷавони тоҷик дар Амрико бо иттиҳоми кумак ба ДОИШ

Пулиси шаҳри Ню-Йорки Амрико аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки дар кумак ба шохаи Хуросони ДИИШ муттаҳам мешавад.

Мақомҳои амрикӣ аз ин ҷавони тоҷик Мансури Манучеҳрӣ ном мебаранд. Додситони Федералии Бруклин иддао карда, ки Манучеҳрӣ, зодаи Тоҷикистон аст ва бо вуҷуди будубоши ғайриқонунияш дар Бруклини Ню-Йорки Амрико, маблағи ба андозаи 70,000 доллари ИМА-ро ба афроди вобаста ба ДОИШ дар Туркия ва Сурия аз моҳи декабри соли 2021 то июни соли 2023 фиристодааст.

Яке аз афроди кумакгирифта аз ӯ шахси ҳамлакунанда ба калисои “Марями Муқаддас” дар Истанбул дар соли 2024 мебошад. Дар ин ҳодиса як нафар кушта шуда, шахси ҳамлакунанда дастгир гардида буд.

Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 26-уми феврали соли 2025 Дафтари додситонҳои ИМА (US Attorney’s Office) дар гузориши расмие хабар медиҳад. Дар ин гузориш омадааст, ки “Имрӯз дар Додгоҳи Федералии Бруклин парвандаи ҷиноие ошкор карда шуд, ки дар он Мансури Манучеҳрӣ барои расонидани кумаки моддӣ ба Давлати исломии Ироқу Шом айбдор мешавад.”

Дар гузориш низ таъкид мешавад, ки додраси магистратии Иёлоти Муттаҳида Роберт М. Леви нисфирӯзии рӯзи чоршанбе фармои боздошти ин ҷавони тоҷикро содир кард. Вале Манучеҳрӣ қабл аз судури фармон аллакай боздошт шуда буд.

“Манучеҳрӣ силоҳи оташфишон дошт ва зуд-зуд ба тирпарронӣ мерафт ва аз он истифода мекард. Ҳарчанд ӯ ҳамчун як шаҳрванди хориҷии ғайриқонунӣ дар Иёлоти Муттаҳида қарор дошт ва аз ин кор манъ шуда буд.”, омадааст дар гузориши мақомоти ИМА.

Ҳамзамон Додгоҳ иддао карда, ки моҳи феврали соли 2022 Манучеҳрӣ дар ҳолати тирпарронӣ дар майдони тирпарронӣ дар Ню Ҷерсӣ аз худ навор гирифта, ба яке аз афроди вобаста ба ДОИШ дар Туркия бо паёми “Худоро Шукр, ман омодаам бародар” фиристодааст.

Манучеҳрӣ бо ҷурмҳои “ҳамроҳи худ гардонидани силоҳ ба таври ғайриқонунӣ ва будубоши ғайриқонунӣ” гунаҳкор дониста мешавад. Пулис мегӯяд, ӯ дар соли 2016 бо визаи сайёҳӣ вориди ИМА шуда, вале пас аз итмоми раводидаш тавониста бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ дар ин кишвар бимонад.

То ҳанӯз назари вакили мудофеъ ва ё пайвандони Мансури Манучеҳрӣ дастарси расонаҳо нест. Ва маълум нест сокини кадом минтақаи Тоҷикистон аст.

Солҳои охир зодагони Тоҷикистон аз миёни ҷавонон ба таври густурда ба гурӯҳҳои террористӣ ҷазб мешаванд. Таҳлилгарон мегӯянд, сабаби гароиши ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои террористӣ ин маҳрум мондани онҳо аз саводи дурусти динӣ аст, ки мақомоти Тоҷикистон ба далелҳои гуногун таълимоти диниро ба таври расмӣ дар кишвар мамнуъ эълон кардаанд ва ин боис шуда, ки ҷавонон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Ба назари таҳлилгарон, роҳи ҳал дар эҷоди фазои муносиб барои ҷавонон аст то битавонанд таълимои дурусти диниро дар дохили кишвар ва дар сатҳи донишгоҳӣ ва академӣ аз худ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.