Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи маводи мухаддирфурӯш хабар дод.
Гуфта мешавад, аз ин гурӯҳ 16 кило маводи мухаддири навъи “Ҳашиш” ва “Афюн” дарёфт ва мусодира гардидааст.
Вазорати корҳои дохилии кишвар имрӯз, 13-уми май иттилоъ дод, ки се тан аз шаҳрвандон бо номҳои Олимов Саъдӣ, Арзумурадов Азизҷон ва Юлдашев Суҳроб “ҳангоми интиқоли воситаҳои нашъадор тавассути кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир шуданд.”
ВКД мегӯяд, нисбати ин афрод бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши парванда идома дорад.
Айни ҳол гумонбаршудаҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Назари худи боздоштшудаҳо, вакилони дифоъ ва ё пайвандони онҳо дастраси расонаҳо нест. Вале дар наворе, ки аз телеграм-канали ”dushanbepolise” дар ин бора нашр шуд, дида мешавад, ки гумонбаршудаҳо шеваи анҷоми ҷиноятро ба кормандони пулис шарҳ медиҳанд.
ВКД зимни нашри хабар аз онҳо “гурӯҳи ҷинояткори трансмиллӣ” ном мебарад. Ба гуфтаи ин ниҳод, гурӯҳи мазкур бо мақсади аз кормндони пулис махфиёна интиқол додани воситаҳои нашъадор ба хориҷи кишвар ва фурӯши онҳо дар хориҷ, дар зери зарфҳои оҳании хӯрокпазӣ ҷойгаҳ сохта маводро моҳирона дар онҷо ҷойгузорӣ мекардаанд.
Бо ин ҳол гуфта нашудааст, ки афроди гумонбаршуда аз куҷо ва чӣ гуна маводро дарёфт мекардаанд ва мақсади интиқолу фурӯши он кадом кишвар будааст.
Аммо яке аз гумонбарон дар навори нашршуда зимни фаҳмондани шеваи анҷоми ҷиноят мегӯяд, ин зарфҳои оҳание, ки дар зерашон воситаҳои нашъадор гузошта шудааст, ба ҳамин шакл аз Афғонистон омадаанд ва ба онҳо гуфта шудааст, ки зери зарфро бибурранд, то “Афюн”-ҳоро пайдо кунанд.
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҳам мегӯяд, бештари қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон аз Афғонистон ворид карда мешавад. Ҳамчунин созмонҳои омории ҷаҳонӣ Афғонистонро манбаи тавлиди маводи мухаддар медонанд ва Иморати исломиро муттаҳам мекунанд, ки то ҳол натавониста пеши роҳи қочоқу истеҳсоли ин маводро бигирад.
Дар ҳоле мақомоти тоҷик аз ворид шудани маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки чанде пеш мақомҳои Толибон дар як омори расмӣ гуфта буданд, ки аксари маводи мухадир ба Афғонистон аз кишварҳои ҳамҷавор вориди ин кишвар мегардад.
Моҳи феврали соли ҷорӣ сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Толибон Абдулматин Қонеъ гуфта буд: “нигаронии бархе кишварҳо аз қочоқи маводи мухаддири санъатӣ аз Афғонистон беҷо аст.” Ба гуфтаи ин намояндаи Толибон, маводи мухаддири санъатӣ аз кишварҳои ҳамсоя ва бархе кишварҳои аврупоӣ ба Афғонистон қочоқ мешавад.
Ин намояндаи Иморати исломӣ аз кишварҳои ҳамсоя ва минтақа хоста буд, ки дар пешгирии аз қочоқи маводи мухаддир ба Афғонистон ҳамкорӣ кунанд.
Оқои Қонеъ дар суҳбат бо расонаҳо таъкид карда, ки “Аз кишварҳои минтақа, ба вежа кишварҳои ҳамҷавор хоҳиш мекунем, ки дар масъалаи қочоқ бо мо ҳамкорӣ кунанд, ки дигар қочоқ сурат нагирад. Аз ин кишварҳо дар самти амният ва қочоқи маводи мухаддар зиёни зиёде ба мо ворид шудааст.”