21.9 C
Dushanbe

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон

Расонаи олмонии “Bild” аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми пайравӣ аз ДИИШ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, 27-уми июни соли ҷорӣ мақомоти интизомии Олмон ба хонаи Бобоҷон Қарабоев, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳраки Людвигсштадти Бавария будааст, даромада ӯро боздошт кардаанд. 

Ҳоло ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудааст. 

Додситонии Мюнхен ӯро дар “иштирок дар созмони террористии хориҷии “Давлати исломӣ” гумонбар медонад.

Ба гуфтаи муфаттишон, Бобоҷон Қарабоев дар аввали соли 2015 дар Маскав ба сафи ДИИШ ҷалб шуда, моҳи апрели ҳамон сол тавассути Туркия ба Сурия рафтааст ва дар Палмир таълимоти ҳарбӣ гирифтааст. 

Инчунин, ба иттилои додситонии Олмон ин шаҳрванди Тоҷикистон дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кардааст. 

Гуфта мешавад, Бобоҷон Қарабоев пас аз чаҳор моҳ, яъне моҳи августи соли 2015 аз Сурия фирор мекунад. Ӯ соли 2016 дар суҳбате бо BBC аз ширкат дар сафи ДИИШ ва фирораш аз Сурия нақл карда буд. 

Дар мусоҳиба Бобоҷон Қарабоев гуфта буд, ки “Ман дар як задухӯрди мусалаҳона иштирок кардам. Чӣ тавр зинда мондам, намедонам. Отряди мо дар зери оташи сахт қарор гирифт. Ман касеро надидам, дар замин хобидам. Дар он ҷанг қариб ҳамаи рафиқонам ҳалок шуданд. Онҳо ҳатто тир напарронданд. Моро чун сипари зинда ба сӯи марг фиристоданд”.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ки аз рӯзи якуми пайвастанаш ба ДИИШ дар бораи фирор фикр мекард ва баъд аз чор моҳ ба ӯ муяссар шудааст, ки аз Сурия ба Туркия фирор кунад. 

Дар Туркия ба пулис гуфтааст, ки “шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам ва мехостам ба Сурия равам, аммо фикрам дигар шуд”. 

Баъд аз ин Бобоҷонро ба Сафорати Тоҷикистон супурданд ва онҷо ҳуҷҷатҳояшро омода карда ба Тоҷикистон равон кардаанд. 

Дар Тоҷикистон ихтиёран ба мақомот таслим шуда, ба ҳама чиз иқрор шудам. Пас аз санҷиш, тамос бо кормандони ВКД ва Кумитаи амнияти миллӣ ва муайян кардани шахсият маро озод карданд. Мақомоти тоҷик ба ваъдаи худ вафо карданд. Шахсоне, ки ихтиёран баргаштаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд”, – гуфта буд Бобоҷон Қарабоев. 

Бобоҷон Қарабоев дар мусоҳибааш аз пайвастан ба сафи ДИИШ изҳорӣ пушаймонӣ карда буд. 

То ҳол маълум нест ин шаҳрванди Тоҷикистон кай ба Олмон рафтааст ва чаро боз ба “терроризм” ва “иштирок дар созмони террористии хориҷии ДИИШ” гумонбар аст. Назари худи ӯ ва вакили дифоаш низ дастраси расонаҳо нест. Инчунин маълум нест, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд кард ё на. 

Расонаи олмонии “Bild” низ менависад, ки Бобоҷон Қ. дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор надошт ва касе дақиқ намегӯяд, ки муфаттишон чӣ гуна ӯро пайгирӣ кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аксари муҳоҷирони кории Русия тоҷикон будаанд

Аз умуми муҳоҷирони кории Русия аксарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар ин мақомоти Русия хабар додаанд.

Шолтс бо Раҳмон аз ҳуқуқи башар хоҳад гуфт?

Як созмони ҳуқуқӣ аз Олаф Шолтс хостааст, дар нишаст бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин минтақа таваҷҷуҳ кунад.

Боздошти чанд ҷавонзани тоҷик зимни амалиёти махсус дар Хуҷанд

Раёсати Вазорати корҳоӣ дохилӣ дар шаҳри Худҷанд дар Фейсбук аз амалиёти "Ахлоқ" хабар дод. Дар ин амалиёт чанд ҷавонзан бо гумони "бадахлоқӣ" боздошт шудаанд.

Аввалин сайёҳон ба кайҳон сафар карданд

Рӯзи панҷшанбе, 12-уми сентябри соли ҷорӣ нахустин парвози сайёҳони кайҳонӣ ба мадори замин бо муваффақият анҷом ёфт.