11.9 C
Dushanbe

Боздошти як тоҷик дар Туркия бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Расонаҳои Туркия аз боздошти ду шаҳрванди кишварҳои Осёи Марказӣ ба иттиҳоми узвият дар ДИИШ хабар доданд.

Нерӯҳои амниятии Туркия (МИТ) ин ду нафаро, ки якеро шаҳрванди Тоҷикистон ва дуюмиро шаҳрванди Қирғизистон гуфтаанд, ба иттиҳоми омодагӣ барои ҳамлаи даҳшатафканона дар маҳаллаи Пендики шаҳри Истнабул боздошт кардааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни амалиёти боздошт аз маҳалли зисти Фозилҷон А 37-сола шаҳрванди Тоҷикистон ва Зулфия С 41-сола шаҳрванди Қирғизистон либос ва кулоҳи пулис, ғилофи туфангча ва дигар таҷҳизоту маълумот барои анҷоми амалиёт мусодира гардидааст.

Нерӯҳои амниятии Туркия Фозилҷон А, машҳур бо лақаби “Абуисмоил”-ро раҳбари гурӯҳ медонад. Ҳамзамон расонаи “Hurriyet”-и Туркия овардааст, ки ӯ тарроҳи аслии нақшаи ҳамлаи даҳшатафканона дар Туркия аст, вале ҷузъиёти ин ки онҳо кай ва дар куҷо барномарезӣ доштанд, ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Пулиси зидди террори Туркия бо нашри баёнияе гузориш дод, ки баъд аз такмили бозҷӯиҳо, муттаҳамон ба додгоҳ ҳозир шуданд ва тарроҳи ҳамла шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А боздошт ва ҳамдасти ӯ хонум Зулфия С 41-сола шаҳрванди Қирғизистон ба кишвараш депорт шудааст.

Боздошти ин ду нафар дар ҳоле сурат мегирад, ки пас аз ҳамлаи хунини “Крокус Ситти Ҳолл” дар Москав, Неӯрҳои амниятии Туркия дар як амалиёти зидди террор беш аз 145 нафрро боздошт карданд.

Низ гуфта мешавад, ки баъд аз ҳамла ба калисои Санта Мария дар Истанбул шумори боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми тероризм дар ин кишвар бештар шудааст ва ҳатто мусофирини парвозҳои Тоҷикистон ба Туркия аз он шикоят доранд, ки нерӯҳои марзбонии Туркия шаҳрвандони ҷавони тоҷикро иҷозаи вуруд ба ин кишвар намедиҳанд ва онҳоро аз фурудгоҳои Туркия ба Тоҷикистон бозпас мефиристанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷашни “Ҷумъаи пирӯзӣ” дар шаҳрҳои Сурия

Рӯзи 13-уми декабр садҳо ҳазор нафар дар шаҳрҳои мухталифи...

Амрико хостори озодии зиндониёни сиёсии тоҷик шуд

Баъзе аз сенаторони Амрико аз Ҳукумати Тоҷикистон озодии фаврии зиндониёни сиёсиро талаб карданд.

Ҷабборов дар бораи марз гуфт, Раҳмонов хомӯш аст

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов баъзе аз ҷузъиёти созишномаи марзии ду кишварро ошкор кард.

Мундиали 2030 ва 2034 маълум шуд дар кадом кишварҳо мешавад

FIFA маълум кард, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол солҳои 2030 ва 2034 дар кадом кишварҳо баргузор мешавад.