7.9 C
Dushanbe

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Лаҳистон

Мақомоти интизомии Лаҳистон дар ҳамкорӣ бо Нерӯҳои марзбонии ин кишвар аз боздошти як гурӯҳи муташаккили “қочоқбар”, ки дар байни онҳо як тоҷикистонӣ низ вуҷуд дорад, хабар додаанд.

Бино ба иттилои бархе расонаҳои Лаҳистон, имрӯз, 15-уми июни соли 2023, Идораи марказии тафтишоти полис дар ҳамкорӣ бо Нерӯҳои марзбонии ин кишвар як гурӯҳи “муташаккили қочоқбар” иборат аз 5 панҷ нафарро дар ҳудуди ин кишвар боздошт кардаанд.

Ба қавли ин расонаҳо, дар байни аъзои ин гурӯҳ шаҳрвандони кишварҳои Ҳиндустон, Покистон ва Тоҷикистон ҳузур доранд. Чор нафари онҳо айни замон дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд. Мақомоти Лаҳистон дар бораи ҳувияти ин афрод ва дигар мушаххасоти онҳо маълумоти бештар надодаанд.

Бахши асосии кори ин гурӯҳ интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирони ғайри расмӣ ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо унвон шудааст. Тибқи маълумоти прокуратура дар корномаи аъзои ин гурӯҳ то замони боздошт интиқоли ғайриқонунии 38 нафар муҳоҷирони ғайрирасмӣ сабт шудааст.

Мақомотидодситонии ин кишвар ҳам ба расонаҳо гуфтаанд, таҳқиқоти ибтидоӣ аз наҳваи амалкарди ин гурӯҳ нишон додааст, ки онҳо бар ивази интиқоли ҳар як муҳоҷири ғайриқонунӣ то Лаҳистон 5 ҳазор евро ва дар сурати интиқоли онҳо то Инглистон 10 ҳазор евро аз ҳар як “муштарӣ”-и худ “музд” мегирифтаанд.

Назари афроди боздошшуда, наздикону пайвандон ва ё вакилони дофои онҳоро расонаҳои лаҳистонӣ зикр накардаанд ва маълум нест, ки ишон ин иттиҳомотро дар додгоҳ қабул хоҳанд кард ва ё хайр?

Гуфта мешавад, тайи чанд соли ахир, ки муносибати Лаҳистон бо ҳамсоякишвараш Беларус сард шудааст, вуруд ва интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз ин самт афзоиш ёфтааст. Мақомоти Лаҳистон ҳам борҳо таъкид кардаанд, ки аксари муҳоҷирони ғайриқонуние, ки тайи беш аз ду соли ахир боздошт кардаанд, шаҳрвандони бархе кишварҳои Африқо, Ховари Миёна, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қавқоз мебошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.

13 тоҷик дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Яке аз додгоҳҳои Русия ҳукми 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-ро, ки 16 нафараш зодагони Тоҷикистон мебошанд содир кардааст.

СММ бо қабули қатънома аз Эрон хост ба кишварҳои Халиҷи Форс ҳамла накунад

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шоми рӯзи 11-уми март...

Аз ҷанг бар зидди Эрон 12 рӯз гузашт: Теҳрон аз шиддат бахшидани ҳамлаҳояш хабар дод

Бо ворид шудани ҷанги Амрико ва Исроил бо Ирон ба рӯзи 12-уми худ, нефт дар даҳҳо кишвари дунё ба таври нигаронкунанда гарон шудааст.