Боҷи 100 дарсадӣ — посухи Трамп ба назоратҳои нави Чин бар металҳои нодир

Доналд Трамп эълон кард, ки аз 1-уми ноябр ба ҳамаи молу маҳсулоте, ки аз Чин ворид мешаванд, 100 дарсад боҷ (андози гумрукӣ) ҷорӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Трамп, ин тасмим посухест ба иқдоми Чин, ки назорат бар содироти металҳои нодирро сахттар намудааст. Металҳои нодир яке аз унсурҳои асосӣ дар истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ, мошинҳои барқӣ ва силоҳҳои муосир ба шумор мераванд.

Трамп дар паёми худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social, навиштааст :“Иёлоти Муттаҳида ба ҳамаи маҳсулоти чинӣ боҷҳои 100 дарсадӣ ҷорӣ хоҳад кард, илова бар андозҳое, ки ҳоло пардохт мешаванд.” Ӯ ҳамчунин афзудааст, ки имкон дорад иҷрои ин тасмим ҳатто пеш аз торихи 1-уми ноябр оғоз гардад, агар Пекин “ба сиёсати маҳдудкунии иқтисодӣ” идома диҳад.

Рӯзи 9-уми октябр ҳукумати Чин эълон кард, ки назорат бар содироти баъзе аз металлҳои нодирро шадидтар мекунад. Ин иқдом, ба гуфтаи Пекин, “барои ҳифзи амнияти миллӣ ва манфиатҳои стратегӣ” аст. Дар посух, Трамп ва ҷонибдорони ӯ ин тасмимро “таҳдид ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва саноати амрикоӣ” дониста, бар зарурати таҳримҳои иловагӣ таъкид карданд. Бар асоси маълумоти расонаҳои амрикоӣ, ИМА ҳамчунин аз 1-уми ноябр мехоҳад назорат бар содироти нармафзорҳои муҳим ва технологияи стратегиро низ ҷорӣ кунад.

Мақомоти Чин ҳушдор доданд, ки дар сурати амал шудани боҷҳои нав, онҳо “тадбирҳои ҷавобӣ” хоҳанд андешид. Расонаҳои давлатӣ навиштанд, ки “Пекин аз манфиатҳои қонунии худ ҳимоят хоҳад кард”.

Коршиносон мегӯянд, ки ин иқдом метавонад оғози марҳалаи нави ҷанги тиҷоратӣ миёни ду қудрати бузурги иқтисодӣ бошад. Ба гуфтаи таҳлилгарони иқтисодӣ, иқдоми Трамп метавонад ба нархи маҳсулоти воридотӣ дар бозори Амрико таъсир расонад ва эҳтимол дорад, ки бозорҳои ҷаҳонӣ ва занҷираҳои таъминотӣ низ осеб бинанд.

Аммо ҷонибдорони сиёсии ӯ мегӯянд, ин иқдом барои ҳимоят аз истеҳсолкунандагони амрикоӣ ва коҳиши вобастагӣ аз Чин зарур аст. Боҷи 100 дарсадии пешниҳодкардаи Доналд Трамп метавонад ба иқтисоди ҷаҳон ва равобити ИМА бо Чин таъсири ҷиддӣ расонад.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон бар онанд, ки Пекин дар мавриди металҳои нодир кортҳои қавитар дар даст дорад, зеро беш аз 80 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии ин мавод дар худи Чин анҷом мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.