28.9 C
Dushanbe

Боздошти зиёда 7 ҳазору 500 муллову фолбин

Аз оғози соли ҷорӣ то кунун мақомоти кишвар ҳазорҳо нафарро бо баҳонаҳои мухталиф дастгир кардаанд.

Дар ин бора имрӯз, 29-уми октябр Президенти Тоҷикистон зимни суханроние дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод. раҳмон гуфт, маҳз бо супориши ӯ мақомоти кишвар зиёда аз 7 ҳазору 500 нафарро бо иттиҳоми муллову фолбин дастгир карданд.

Эмомалӣ мегӯяд, “бо супориши раҳбари давлат ва дар натиҷаи чораҳои аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ амалигардида дар кишвар 1500 нафар шахсоне, ки ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул буданд ва зиёда аз 5000 нафар муллоҳои чаласавод барои хурофотпарастӣ дастгир гардида, ба қайди мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шудаанд.”

Ба навиштаи бархе корбарон, Эмомалӣ Раҳмон бо шахсан фармони боздошт ва муттаҳам кардани зиёда аз 5000 донишманди бахши улуми динӣ ба “чалласаводӣ” амалан мустақил будани ҳокимияти додгоҳии Тоҷикистонро зери суол бурдааст.

Ӯ чанд сол пеш низ зимни як суханронияш, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ нашр шуд, занони ҳиҷобпӯшу мардони диндори Тоҷикистонро “чалласавод”, “хурофотпараст” ва бесавод гуфта таҳқиру тавҳин карда буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон тайи 10 соли ахир бо супориши худи Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти тамоми мактабу мардрасаҳои диниро дар кишвар боз дошта, ироаи ҳамагуна таълимоти диниро низ бидуни иҷозатномаи расмӣ, ки дастрас кардани он коре бисёр душвор аст, манъ кардааст. Имрӯз ҳам бори дигар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки мақомоти корҳои дохилӣ ва ғайра бояд пеши роҳи таълимоти ғайриқонунии диниро бигиранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.