Субҳи имрӯз 23, сентябр Маҳмадӣ Тешаев собиқ раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз боздошти аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.
Ба гуфтаи Тешаев дар Тоҷикистон мақомот зиёда аз 50 аъзоёни ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакиро боздошт кардаанд. Маҳмадӣ Тешаев дар як сӯҳбат ба “Azda TV” гуфт,
дар миёни боздоштшудаҳо собиқ муовини раиси бахши ҲНИТдар ноҳияи Рӯдакӣ, Умаров Зиёвуддин, масъули фарҳанги бахши ҲНИТ ҳамин ноҳия, Умаров Сириҷиддин, масъули тафтишотии бахши ҲНИТ ноҳияи мазкур, Набиев Донаёри 87-сола ва раиси бахши ҷавонони ҲНИТ, Сангов Раҳмиддин дастгир шудаанд. Аксари ин боздоштшудаҳоро баъд аз бозпурсии тӯлонӣ ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд. Вале 3 нафар, аз ҷумла муйсафеди 87-сола Набиев Донаёр ва раиси бахши ҷавонони ҲНИТ дар ноҳияи Рудакӣ, Сангов Раҳмиддин то ҳол дар боздошт қарор доранд. Сабаби ин боздоштҳоро Тешаев дар суҳбат бо “AzdaTV” чунин шарҳ дод.
Дар ин чанд ҳафтаи ахир хабарҳо аз боздошт ва зиндонӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд расонаӣ мешавад, ки аксари коршиносон ин ҳамаро ба маъракаи интихоботи президентии 11 октябр рабт медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол рӯзи гузашта сомонаи Дар миёни боздоштшудаҳо, ки моҳи июл дастгир шуда буданд, 5 фарзанд ва 1 домоди Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, низ ҳастанд. Ба навиштаи “ “Ахбор””, мақомот баъд аз як ҳафтаи бозҷӯӣ 2 писари Эшони Қиёмиддин, Саидҳусейн ва Саидяҳёро озод кардааст, вале 3 писари дигараш зиндонӣ кард. Саидмуҳаммади 44-сола ба 25 соли зиндон ва Саидҳасан ба муҳлати номаълум маҳкум ба зиндон шудаанд. То ба куҷо расидани парвандаи писари дигари Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ҳанӯз маълум нест. Эшони Қиёмиддини Ғозӣ 20 ноябри соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуда буд. Додгоҳи олии Тоҷикистон, Эшони Қиёмиддинро бо ҷурми хиёнат ба давлат 25 сол маҳкум ба зиндон карда, вале баъдан ҳукми ӯ то 7 сол пойин оварда шуд. Ӯ рӯзи 19 майи соли 2019 дар натиҷаи як ошӯб дар зиндони Ваҳдат кушта шуд. Коршиносон ин ҳама таъқибу фишорҳоро болои шаҳрвандон, ба хусус қишри рӯҳоният ва аъзоёни ҲНИТ, инчунин таҳсилкардаҳои давлатҳои исломиро ба чанд омил рабт медиҳанд, аз ҷумла омили асосӣ ин тарси мақомот аз қишри равшанфикри рӯҳониён ва исломиҳо мебошад. Омили дигар, ин ба баҳонаи таъмини амният пеш аз интихоботи президентии 11 октябр буда метавонад. Инчунин мақомоти амниятӣ барои натиҷаи фаъолияти худ ва мутмаин кардани Раҳмон аз ин ки амнияташ пурра таъмин аст, ба чунин боздоштҳои густарда даст мезананд, ки дар натиҷа даҳҳо ва ҳатто садҳо ҷавону пири бегуноҳ аз озодӣ маҳрум мегардад.