22.9 C
Dushanbe

Бознишастагони Русия бар ивази муҳоҷирон дар сохтмонҳо кор хоҳанд кард

Сурат: Oksana Shufrych/shutterstock.com

Ба нафарони бознишаста дар Русия пешниҳод карда шуд, ки муҳоҷиронро дар сохтмонҳо иваз кунанд. Ин пешниҳодро муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин пешниҳод кардааст. Дар ин бора Ожонси иттилооти иқтисодии “Prime” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, барои сафарбар кардани қувваи корӣ дар саноати сохтмонии Русия бознишастагоне ҷалб карда мешавад, ки дигар кор намекунанд.

Минтақаҳои Русия “амалан барои захираҳои меҳнатӣ мубориза мебаранд”, – гуфт муовини сарвазири Русия.

“Мо ба шикасти демографии солҳои 90-ум ва аввали солҳои 2000-ум дучор шудем. Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, ки сиёсати салоҳиятдори ҷалби мутахассисонро таҳия намоем. Ин ҳам таълим аст ва ҳам сафарбаркунии нафақахӯронест, ки кор намекунанд”,- таъкид кард Хуснуллин.

Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия, тақрибан панҷ миллион муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба соҳаи сохтмон дар Русия то соли 2024 ҷалб карда шаванд.

Ин пешниҳоди Хуснуллин дар ҳолест, ки қаблан хабарҳо дар мавриди ҷалби маҳбусон ва донишҷӯён дар кори сохтмон бар ивази муҳоҷирони меҳнатӣ нашр гардида буд.

Русия пас аз хуруҷи пандемияи коронавирус ва баста гардидани марзҳо кишварҳо ба норасоии нерӯи корӣ дучор омад.

Тибқи маълумоти Вазорати сохтмони ин кишвар, дар аввали моҳи март дар сохтмонҳо 1 миллиону 200 ҳазор коргар намерасид.

Қаблан Вазорати кишоварзӣ ва ҶСК “Роҳи оҳани Русия” мехостанд муҳоҷирони кориро бо қаторҳои чартерӣ ба Русия барои корҳои мавсимӣ дар заминҳои корам ҷалб кунанд. Тахмин меравад, ки ин кор мушкилоти норасоии қувваи кориро барои эҳтиёҷоти маҷмӯи агросаноатӣ ҳал хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Олмон ду нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Русия боздошт кард

Мақомоти Омлон ду нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Русия боздошт карданд.

Ахбори зидду нақиз дар бораи ҳамлаи Исроил ба Эрон

Субҳи имрӯз бархе расонаҳо аз ҳамлаи маҳдуди Исроил ба Эрон хабар додаанд.

Раҳмон ба Итолиё меравад?

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд.

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.