Бозори “Деҳқон”-и Гипрозем оташ гирифт

Акс аз навори ҳангоми сӯхтор

Бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе, ки дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино кучаи Борбад-15 ҷойгир аст, шаби гузашта ба коми оташ рафт. Дар ин бора наворе дар саҳифаи фейсбукии “Parviz TV” нашр шуд, ки аз оташ гирифтани бозори мазкур хабар дод.

Сӯбҳи имрӯз Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гузориш дод, ки сӯхтор дар ин бозор 22-юми июли соли 2020, соати 00:29-дақиқа рух додааст. Ҳаҷми сӯхтор 134 метри мураббаъ буда, он 16 нуқтаи савдоро пурра ва 8 дукони дигарро қисман фаро гирифтааст. ВКД мегӯяд, эҳтимоли паҳн гардидани алангаи оташ ба дигар биноҳои дар шафати бозори «Деҳқон» буда зиёд буд ва хушбахтона саривақт хомӯш карда шуд.

Сӯхторхомӯшкунон соати тақрибан 01:30 тавоноситаанд алангаи оташро ба пуррагӣ хомӯш кунанд. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон зарари расонидашуда аз ҳодисаи сӯхторро тақрибан 35000 сомонӣ арзёбӣ кард. Ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ молу амволи фурӯш ва биноҳои ҳамшафат аз коми оташ наҷот дода шуд.

ВКД сабаби ин ҳодисаро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор гуфтаанд.

“Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии яхдон дар нуқтаи савдои №42, ки ба соҳибкори инфиродӣ Идиев Дилшод Ҳақдодович, сокини шаҳри Душанбе, мансуббуда мебошад”.

Таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор идома дорад.

#Срочно Худи хозир соати 00:40 Дехконбозор воке дар Гипроземи Шахри Душанбе сухтаистодааст.

Gepostet von Парвиз Парвиз am Dienstag, 21. Juli 2020

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.