Қарор аст соли 2025 аз будҷаи кишвар барои Вазорати дифоъ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 4,7 миллиард сомонӣ ҷудо карда шавад.
Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такия ба санаде аз Вазорати молияи кишвар хабар додааст. Гуфта мешавад, ин маблағ барои хароҷоти низомӣ нисабат ба соли равон 972,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 2,8 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД), яъне 3,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Ба далели сирри давлатӣ будан ҷузъиёти бештар дар бораи будҷаи низомӣ дода намешавад.
Ин дар ҳоле аст, ки 9-уми августи соли ҷорӣ Насридин Низомзода, сардори Раёсати тафтишоти Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз дуздии будҷаи давлатӣ тавассути Вазорати дифоъ хабар дода буд.
Низомзода зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявӣ дар Вазорати дифои Тоҷикистон дар маҷмуъ 123 миллиону 972 ҳазор сомонӣ азхудкунии маблағи будҷа ошкор карда шуд ва дар ин робита 9 парвандаи ҷиноятӣ ба Додгоҳи олӣ фиристода шудааст.
Ба гуфтаи ин мақомдори кишвар, пулҳои дуздидашуда бояд барои либосу хӯрок ва нигоҳубини сарбозон ва барои муҳофизати амнияти кишвар сарф мешуд, аммо аз ҷониби масъулони Вазорати дифоъ ин ҳаққи сарбозони кишвар дуздида шудааст. Ӯ мегӯяд, дар робита ба азхудкунии пули давлат дар Вазорати дифоъ нисбат ба 52 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба додгоҳ фиристода шудааст.