Буҳрони Покистону сарнавишти Имрон Хон

Додгоҳи олии Покистон эълон кард, ки ҳукумат ва парлумони парокандашуда, дубора барқарор ва шанбеи 9-уми апрели соли 2022 ҷаласаи раъйгирӣ барои адами эътимод ба Имрон Хон, Нахуствазири Покистон баргузор шавад.

Нахуствазири Покистон ҳам дар вокуниш ба ин ҳукми Додгоҳи олии кишвараш дар саҳфаи Твиттери худ эълон кард, ки 8-уми апрел “ҷаласаи кобинаи федеролӣ ва ҳизби порлумонии худро даъват карда, шоми имрӯз (бо як паём) ба миллат муроҷиат мекунам. Паёми ман ба миллат ин аст, ки ман ҳамеша барои Покистон ҷангидам ва то охирин нафас мубориза хоҳам кард.

Ҳамзамон мухолифони Имрон Хон бо хушҳолӣ аз қарори Додгоҳи олии ин кишвар дар робита ба барқарор кардани ҳукумат ва парлумон истиқбол карда, даъво доранд, ки дар ҷаласаи раъйгирӣ барои адами эътимод ба Имрон Хон пирӯз хоҳанд шуд ва аз ҳоло Шаҳбоз Шариф, бародари Навоз Шарифро Сарвазири ояндаи Покистон медонанд.

Аммо аз сӯи дигар сенатор Файсал Ҷовид Хон аз Ҳизби Тарҳрики инсоф низ эълон карда, ки “Имрон Хон бо чолишҳо рӯбарӯ аст – зоҳиран мухолифон фикр мекунанд, ки онҳо пирӯз шудаанд, аммо ин хел нест – онҳо мағлуб шудаанд – шириниҳоро аз даст додаву – суханҳо дар ёд хоҳанд монд – вақт нишон хоҳад дод. Капитан ин шом як эълони муҳим хоҳад кард – ӯ ҳеҷ гоҳ мардуми худро ноумед намекунад.

Ҳамзамон Латиф Кҳуса, аз раҳбарони Ҳизби мардумии Покиситон аз мухолифони Имрон Хон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки  Додгоҳи олии Покистон адолати торихиро барқарор кард ва имрӯз Сарвазири Покистон имрӯз истеъфо медиҳад.

Имрон Хон ҳафтаи гузашта аксарияти тарафдорони худро дар парлумон аз даст дод ва якшанеб 3-уми апрел ҳам мухолифон хостанд ҷаласаи раъйгирӣ барои адами эътимод ба Нахуствазирро баргузор кунанд, аммо муовини парлумон аз Ҳизби Таҳрики инсоф иддаъо кард, ки ин кор бо тавтеаи хориҷӣ ва ғайриқонунӣ сурат мегирад, ба ин хотир ҷаласа баргузор намешавад.

Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон бо раҳбарии Имрон Хон 150 курсии парлумонро соҳиб аст ва ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон қарор аст, имшаб Имрон Хон аз ҳамзибиёни худ дар парлумон бихоҳад, ки пеш аз баргузории ҷаласаи раъйгирии адами эътимод ба Нахуствазир аз мақоми худ истеъфо диҳанд, дар он сурат мухолифон наметавонанд ин ҷаласаро баргузор кунанд ва дар охир давлат маҷбур мешавад, ки интихоботи зудҳангомеро баргузор кунад.

Бесуботии сиёсӣ дар як ҳафтаи ахир Покистонро ба буҳроҳои зиёде гирифтор карда, арзиши пули миллии он-рупияро дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ ба шиддат пойин бурдааст.

Гуфта мешавад, ки агар шанбеи 9-уми апрел Имрон Хон натавонад дар ҷаласаи парлумон раъйи эътимод ба даст биорад, мухолифонаш метавонанд Нахуствазири худро пешниҳод кунанд ва дар ғайри он сурат Кумитаи интихоботи Покистон ҳам дирӯз эълон кард, мумкин аст дар моҳи октябри соли ҷорӣ интихоботи ҷадид баргузор шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.