31.9 C
Dushanbe

Бунёди “Бузургмеҳр” аз мақомоти Олмон хост фаъоли тоҷикро ихроҷ накунанд

Бунёди “Бузургмеҳр” бо нашри баёнияе аз мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Федеративии Олмон хостааст, ки  фаъоли тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд.

Бунёди “Бузургмеҳр” бо нашри изҳороти худ  режими ҳукмрон дар Тоҷикистонро диктаторӣ номида, мегӯяд, ки дар Тоҷикистон фаъолияти мухолифон ва ҳар гуна талош барои демократия муҷозоти шадид дорад.

Дар баёния гуфта шудааст, ки Абдуллоҳи Шамсиддин ба далели писари Шамсиддини Саид, узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будан, баробари ба Тоҷикистон ихроҷ шудан бо боздошт, шиканҷа ва ба солиёни дарози зиндон рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Бунёд инчунин менависад, ки “Азбаски дар кишвар додгоҳи мустақил ва адвокатӣ вуҷуд надорад ва ҳамчунин фишор болои рӯзноманигорон ва наздикони мухолифони боздоштшуда ё наздикони онҳо вуҷуд дорад, имкони пайгирии сарнавишти Абдуллоҳи Шамсиддин вуҷуд надорад. Мақомот дар бораи ин гуна парвандаҳои ҷиноӣ изҳори назар намекунанд ва мурофиаҳо пушти дарҳои баста сурат мегиранд.”

Пештар аз ин Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистони мустақар дар Вена ба Дафтари ҳуқуқи башари СММ дар Женева нома фиристода, хоста буд, ки ба қазияи ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон расидагӣ кунанд. Чун дар сурати ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин ба Тоҷикистон ӯ ба мисли Ҳизбуллоҳ Шовализода ба маҳзи вуруд боздошт ва шиканҷаву зиндонӣ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки кишвари Утриш моҳи марти соли 2020 Ҳизбулло Шовализода, як паноҳанда дар ин кишварро ба Тоҷикистон ихроҷ кард, ки баробари расидан мақомоти тоҷик ӯро боздошт карда ба 20 соли зиндон маҳкум карданд.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.