Ҷой кардани Бузургмеҳр Ёров дар “критий” ва нақшаи ошӯб дар зиндонҳо

Масъулони маҳбасҳои кишвар ҳомии ҳуқуқ ва зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёровро барои ду сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий” интиқол доданд.

Гуфта мешавад, пештар ин ҳомии ҳуқуқро дар остонаи “Рӯзи Президент” барои 15 рӯз равонаи утоқи ҷаримавӣ (карцер) карда буданд.

Бунёди “Бузургмеҳр”, ки аз ҷониби наздикону пайвандони маҳбусони тоҷик дар хориҷ таъсис ёфтааст, хабар медиҳад, ки ҳуқуқшиноси зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ҳангоми дар утоқи ҷаримавӣ қарор доштанаш мавриди шиканҷаи шадиди кормандони зиндон қарор гирифта, дар натиҷа ӯро шоми 23-юми ноябри соли ҷорӣ дар беморхонаи муассисаи ислоҳӣ бистарӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Бунёд, субҳи имрӯз, 24-уми ноябри соли 2022 Бузургмеҳр Ёров ва 5 маҳбуси дигарро, ки то ҳол номашон маълум нест, ба колонияи пӯшида интиқол додаанд. Ҷойи дақиқи онҳо маълум нест, маъмурияти колония ё намояндагони Вазорати адлия ба наздиконашон дар бораи ин ки маҳбусонро ба ҷойи дигар мебаранд, чизе нагуфтаанд.

Бузургмеҳр Ёров танҳо тавонистааст ба пайвандонаш паём бидиҳад, ки ӯро ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий” интиқол медиҳанд ва муддати 2 сол ӯ аз сӯҳбатҳои телефонӣ бо пайвандон ва дарёфти дастовез маҳрум хоҳад буд.

Пештар Ҷамшед Ёров, раиси Бунёд ва бародари Бузургмеҳр Ёров дар суҳбат бо Azda tv гуфта буд, ки дар остонаи таҷлил аз “Рӯзи Президент” мақомоти зиндонҳо бо Бузургмеҳр Ёров дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ва пешрафти кишвар баҳс мешаванд ва интиқодоти ӯ ба масъулин писанд намеояд. Гуфтаҳои Бузургмеҳр Ёровро ду зиндонии дигар низ дастгирӣ мекунанд, ки дар натиҷа ҳарсеро равонаи утоқи ҷаримавӣ кардаанд.

Инчунин Бунёди “Бузургмеҳр” дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар зиндонҳои кишвар қасд доранд ошӯберо бо иштироки маҳбусони сиёсии ҲНИТ роҳандозӣ кунанд ва бо ин роҳ чанд тан аз зиндониёни сиёсие, ки ба гуфтаи ҳукумат барои онҳо дардисар соз аст, ба қатл расонанд.  

Пештар аз ин, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар суҳбати он-лайнии худ шоми 27-уми октябр аз ошӯбе хабар дод, ки қарор аст мақомоти кишвар дар байни зиндониҳо роҳандозӣ кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ гуфта буд, ки ошӯбе, ки дар роҳ аст ва Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад онро роҳандозӣ кунад, чанд ҳадаф дорад:

1.Бояд ин ошӯб ба дасти аъзоёни ҲНИТ роҳандозӣ шавад ва вазъияти кишварро амниятӣ нишон бидиҳанд. Ҳукумат мехоҳад бо ин кор нишон диҳад, ки ин ҳизб на танҳо дар берун аз кишвар фаъол аст, балки дар дохили Тоҷикистон ва ҳатто дар дохили зиндонҳо талош доранд амнияти кишварро халалдор кунанд;

2. Гунаҳкори асосӣ ва террорист нишон додани ҲНИТ;

3. Аз байн бурдани чанде аз нафарони маъруфу шинохтаи мухолифон дар дохили зиндон.

Хабари ошӯб дар зиндонҳо дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо дар дохили зиндонҳо чунин ошӯбҳоро роҳандозӣ карда, чандин нафар кушта мешаванд. Аз ҷумла дар ошӯби зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат, ки соли 2019 роҳандозӣ шуда буд, 29 зиндонӣ кушта шуд, аз ҷумла ду узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Каримов Абдусаттор ва Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва инчунин рӯҳонии шинохта бо номи Шайх Темурро ба қатл расонданд.

Ёдовар мешавем, ки адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марзи Русия маҳкум шуданд

Додгоҳе дар шаҳри Новотроитски вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марзи ин кишвар ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст.

Қарор: Дарси тарбияи ҷисмонӣ барои коргарон ҷорӣ мешавад

Аз ин пас тамоми корфармоён дар Тоҷикистон вазифадор хоҳанд буд, ки барои кормандони худ ҳар рӯз на камтар аз 20 дақиқа машқҳои баданӣ ташкил намоянд.

Дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав чанд тоҷири тоҷик зарар диданд

Дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба вилояти Маскав чанд корхонаи коркарди нафт оташ гирифта, бозори бузурги "Садовод", ки макони кори ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аст, осеб дидааст.

Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

Холматова Гулчеҳра, зани маъюби 58-сола иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.