19.9 C
Dushanbe

Чаҳор кишвари ғарбӣ давлати Фаластинро расман эътироф карданд

Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Португалия рӯзи 21-уми сентябри соли 2025 давлати Фаластинро ҳамчун кишвари мустақил эътироф карданд.

Ин иқдом дар пасманзари афзоиши интиқодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз амалкарди Исроил дар Навори Ғазза ва ба бунбаст расидани раванди сулҳ сурат гирифтааст.

Мақомоти Фаластин аз тасмими кишварҳои мазкур истиқбол намуда, онро як қадами муҳими сиёсӣ ба сӯи ҳалли “ду давлатӣ” донистанд. Ба гуфтаи онҳо, чунин иқдом метавонад барои барқарории адолат ва ба расмият шинохтани ҳуқуқи мардуми Фаластин мусоидат кунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Исроил эътироф шудани Фаластин ҳамчун давлати мустақил аз ҷониби кишварҳои ғарбиро шадидан маҳкум карда, онро “ҷоиза барои терроризм” номид. Тел-Авив бар ин назар аст, ки чунин тасмим метавонад низоъро мураккабтар намояд ва ба суботи минтақа таҳдид кунад. Нахуствазири ин кишвар Бинёмин Натанёҳу мегӯяд, эътирофи давлати Фаластин вуҷуди Исроилро ба хатар меандозад.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки эътирофи Фаластин аз ҷониби кишварҳои калидии ғарбӣ метавонад ба афзоиши фишори дипломатӣ болои Исроил ва эҳёи музокироти сулҳ мусоидат намояд. Аммо онҳо таъкид мекунанд, ки танҳо ин иқдом кофӣ нахоҳад буд, агар дар амал барои қатъи хушунат ва таъмин намудани ҳуқуқҳои мардуми Фаластин чораҳои воқеӣ андешида нашавад.

Бо ба расмият шинохтани ин 4 кишвари ғарбӣ акнун аз 193 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид 151 давлати дунё Фаластинро ҳамчун давлати мустақил эътироф кардаанд. Қарор аст, дар нишасти имрӯзаи Маҷмаи умумии СММ, ки бо раҳбарии Арабистони Саудӣ ва Фаронса баргузор мегардад, чанд кишвари дигар, аз ҷумла Фаронса, Малта, Луксембург ва дигарон Фаластинро эътироф кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фоҷиа! Марги 5 узви як хонавода дар як тасодуфи роҳ

Бар асари садамаи мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хқҷанд 5 узви як хонавода, ки ба Душанбе сафар доштаанд, ҷон бохтанд.

Исроилро аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои футболи Аврупо маҳрум мекунанд?

Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) дар ҷаласаи рӯзи 23-уми сентябраш масъалаи муваққатан боздоштани иштироки дастаҳои миллию клубҳои Исроил дар мусобиқоти зери раҳбарияшро баррасӣ хоҳад кард.

Вакилони рус: муҳоҷирон хонаводаҳояшонро ба Русия наоранд

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин низ мегӯяд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия меоянд, набояд бо худ оилаҳояшонро биёранд.

Доналд Трамп: пойгоҳи низомии Багромро дар Афғонистон пас мегирем

Президенти Амрико Доналд Трамп изҳор дошт, ки нерӯҳои ИМА бояд пойгоҳи низомии Багромро дар Афғонистон бозпас бигиранд.