14.9 C
Dushanbe

Чоркӯча минтақаи бетараф эълон мешавад?

Раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки Тоҷикистон розӣ шудааст то минтақаи баҳсии Чоркӯча (Торт-Кочо) минтақаи бетараф эълон карда шавад. То ҳол мақомоти тоҷик дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Имрӯз, 17-уми ноябр вакилони парлумони Қирғизистон созишнома бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии ҳарду кишвар ва идораи муштараки обанбори Кампирободро баррасӣ намуданд. Дар ин ҷаласа раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборров ширкат намуда, гуфт, ки Тоҷикистон розӣ шудааст, ки минтақаи баҳсии Чоркӯча (Торт-Кочо), ки дар марзи деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҷойгир аст, минтақаи бетараф эълон карда шавад.

Раисҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, ки дар музокироти охири ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба муовини сарвазир ва раиси КДАМ Қамчибек Тошиев муяссар шудааст, ки ҷониби Тоҷикистонро мутақоид кунанд, ки Чоркӯча (Торт-Кочо) аз касе набошад ва ба он мақоми бетарафӣ дода шавад.

Дар идома Ҷабборов қайд кард, ки “агар Тоҷикистон боз аз фикраш нагардад, ҳудуд бетараф хоҳад буд. Мо ба Лайлак мегузарем ва онҳо ба Хоҷаи Аъло мегузаранд”.

Ба гуфтаи ӯ агар ин тавофуқ ниҳоӣ шавад, дар ин минтақа 20 хонаи тоҷикистониҳо ва 3-4 хонаи қирғизистониҳо тахриб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки вакили парлумон Адахон Мадумаров соли 2009 вақте дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон буд санади ба иҷора гирифтани 5 гектар заминро аз Тоҷикистон барои таъмири роҳи Уш-Бодканд-Исфана ва як пул имзо карда буд. Ҳоло ӯ мегӯяд “ин санад қувваи қонунӣ надорад ва наметавонад ба гуфтугӯҳои марзӣ таъсир расонад.”

Содир Ҷабборов аз ин санад ёдовар шуда, дар хитоб ба вакил Адахон Мадумаров гуфт, ки “Шумо мегӯед, ки санади имзошудаи Торт-Кочо ғайриқонунӣ аст ва метавонед бо он ба ҳоҷатхона равед. Ҷониби дигар ин корро намекунад. Онро ба даст гирифта нишон медиҳад. Аллакай чанд дафъа нишон доданд. Дар шаҳри Остона дар мулоқоти сеҷониба низ онро нишон дода, гуфтанд, мо имзо мекунем ва боз иҷро намекунем.”

Минтақаи Чоркӯча (Торт-Кочо) дар байни Исфараву Бодканд ҷойгир буда, аз ин минтақа роҳи Бодканд-Исфана ва роҳи Ворух мегузарад. Дар ҷараёни низоъҳои сарҳад борҳо ин роҳ баста шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон, ки дар гузашта имзо шудани санадҳоро расонаӣ намекарданд, индафъа низ хомӯшанд. Маълум нест чаро мақомоти Тоҷикистон ба ин пешниҳоди Қирғизистон розӣ шудаанд ва он 20 хонае, ки тахриб мешаванд ба куҷо кӯчонида мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Абдуллоҳ Раҳнамо, коршинос ва таҳлилгари масоили сиёсии тоҷик дар як матлабе гуфт, ки асли низоъҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар он аст, ки “мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад.

Ҳамчунин ин сиёсатшиноси тоҷик таъкид карда буд, ки “Тибқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 66 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух) ва баъзе қитъаҳои хурди дигарро дар бар мегиранд.”

Ба гуфтаи Абдуллоҳи Раҳнамо, заминҳои Тоҷикистон, ки ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор доранд, ҳудуди онҳо тахминан 10 баробар ҳудуди шаҳри Душанбе аст. Аммо бо вуҷуди ин далоили қавӣ, мақомоти Тоҷикистон ба хотири чӣ ва бо кадом шартҳо аз ин ҳудудҳо сарфи назар мекунанд, маълум нест.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва то кунун бештар аз 500 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Аксар муноқишаҳои марзӣ дар минтақаҳои номуайяншуда сурат мегиранд, ки то кунун боиси марги даҳҳо нафар аз ду тараф гашта ва харобиҳои бешуморе ба ҷо гузоштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.