13.9 C
Dushanbe

Ҷамолиддин Нуралиев ва ҷойгоҳи ӯ дар назди Раҳмон

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ ва домоди дуввуми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ аст. Вай шавҳари Озодаи Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мебошад. Ҳам аз ҳисоби онки дар ҳукумат мақому мартабаи баландеро соҳиб аст ва ҳам аз онки завҷааш амалан дасти рост ва нафари дуввуми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, дар назди хусур аз ҷойгоҳу маҳбубияти вижа бархурдор аст.

Ҷамолиддин ва хонумаш Озода чашму гӯши Эмомалӣ Раҳмонанд. Дуруст аст, ки домодҳои дигари Раҳмон-боҷаҳои Ҷамолиддин соҳибсарвату сумдорҳои калон-калони Тоҷикистонанд, аммо тафовути Ҷамолиддин аз боқии домодҳо ин аст, ки ҳам худаш ва ҳам завҷааш, чуноне гуфтем, ҳукуматианд ва дар ҳукумати Раҳмон мақомҳои калидиро дар даст доранд.

Аз сӯи дигар маҳбубият ва муҳтарамии хосаи Ҷамолиддин аз он ҷиҳат аст, ки бисёр ҳам “пулёб” аст. Дар ҷойи нишасташ лоиҳаву барномаҳоеро тартиб медиҳад, ки миллион-миллион даромад меоварад. Дар пулёбӣ касе аз домодҳояш мисли ӯ ихтироъкор нест, балки боқии домодҳо дар аксарияти тиҷоратҳояшон аз ӯ тақлид ва пайравӣ кардаанд.

Вақте ӯ 11 соли пеш барномаи пулакисозии роҳи Душанбе -Хуҷандро тавсия ва татбиқ кард, маълум буд, ки ӯ корҳое бузургтареро ҳам анҷом хоҳад дод ва барои ғаниву сарватманд гардонидани Хусур ва Оила аз ҳеҷ баду балое рӯ наметобад. Худи ҳамин IRS (Innovative Road Solutions)-як ширкати нестандарҷаҳони дурӯғинро ташкил кардану аз ҷайби мардум пулашро зада гирифтан чи қадар аз “ихтироъкор”-и ояндадор будани ӯ гувоҳӣ меиҳад.

Ба ҳар рӯй ин меҳру муҳаббати гарму ҷӯшон ба Ҷамолиддин аз он низ сарчашма мегирад, ки ӯ сарчашмаҳои даромадҳои ҳангуфту дар фикру хиёли ҳеҷ кас набударо кашфу ихтироъ карда ва бар хазинаҳои Эмомалӣ Раҳмон миллионҳо-миллионҳо доллар зам мекунад. Аз ин ҷост, ки Ҷамолиддин ҳам мудиру нозири молу пулу қарзи ҳукумат ва ҳам масъулу маъмури суратҳисобҳои оффшории худи Эмомалӣ Раҳмон ва духтарҳову домодҳои вай мебошад.

Ҳамин ду рӯзи пеш буд, ки яке аз бузургтарин барномаҳои Ҷамолиддин- ғасб ва тасарруфи комили бозори пули Тоҷикистон ба иҷро расид. Феълан бонкҳои “Спитаменбонк”, “Коммерсбонк”, “Бонки байналмилалии Тоикистон”, “Тавҳидбонк” ва “Ориёнбонк”, ки аз они домодҳову духтарҳои Эмомалӣ Раҳмонанд, бозори пули кишварро ифода ва ташкил мекунанд. Ин Ҷамолиддин Нуралиев ва “ихтироот”-и беназири вай буд, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” комилан аз системаи бонкӣ ронда шуданд.

Муҳимтар аз ин, тамоми дороиҳо, пасандозҳо ва моликияти ин ду бонк, ки аз садҳо миллион доллар ҳам бештар аст ба молу сарвати Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷамолиддин Нуралиев табдил мешаванд. Ҷамолиддин Тоҷиддин Пирзода ва Муродалӣ Алимардонро, қабл аз онки имзои нобудиашон гузорда шавад, ончунон ҷӯшиду ҷафид, ки феълан онҳо рамақи холианд. Такон хӯрдан наметавонанд. Ҷисмашон ҷон надорад. Пардаалии бародари Муродалӣ Алимардон бар ивази чандин миллион (90) сомонӣ аз маҳбас раҳо шуд. Вале ин таҳдид болои Алимардон ва Пирзода ҳамчунон боқист.

Амалан ин як навъи дигари ғасби рейдерӣ аст. Айни ҳамон коре аст, ки Шамсулло Соҳибов бо Раҷабалӣ Одинаев, раиси “Умед-88” анҷом дод. Тамоми автозаправкаҳои Умед-88-ро “Фароз” ғасб кард. Акнун, интизор меравад, ки биноҳову сохтумонҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дар саросари кишвар ба ихтиёри “Спитаменбонк”, “Коммерсбонк” ва дигар бонкҳои домодҳои Эмомалӣ Раҳмон бигзаранд.

Бидуни шак, ҳамчунин домоди “ихтироъкор”, ки қадамаш пулрез аст, дархури завқу салиқа ва нафси бетаги Раҳмон аст. Раҳмоне, ки ҳанӯз дар замони колхоз дасташ ба қалбу ҷаъл ва нафсаш ба сирқату тороҷ хӯ карда буд. Ҳоло ки вай раиси давлат аст чиро домоду духтарҳои ӯ дар ҳасрати пулу мол бошанду кадом Муродалӣ Алимардону Тоҷиддин Пирзода, ки хеши хараш намешаванд, бозори пулу халтаи долларро дар даст дошта бошанд.

Аз ин ҷиҳат ӯ тамоми “ихтирооти”-и Ҷамолиддинро истиқбол мекунад ва ба домодҳои дигараш ҳам тавсия медиҳад, ки “пока” вақт ҳаст, тамбалӣ накунанд. Барои ҳамин барномаҳои ҷолиб буд, ки Раҳмон ба Ҷамолидин Нуралиев орден дод. Аммо инро ҳам бигӯем, ки Ҷамолиддин тавассути хонумаш Озодаи Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент дар сиёсати кадрӣ, махсусан таъйини кадрҳо дар умури бонку молия ва иқтисод нақши асосӣ дорад.

Ба баёни дигар фаъолияти блоки молиявию иқтисодӣ ва бонкии Тоҷикистон ва робита бо намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ, созмонҳои молиявии байналмилалии фаъол дар Тоҷикистон таҳти пӯшиш ва контроли ӯ қарор дорад ва тамоми тасмимоте, ки дар ин арсаҳо ва бо ин муассисаҳо гирифта мешавад, дар ибтидо аз муоина ва ташхиси ӯ мегузарад ва вай хулоса медиҳад. Амалан ӯ кореро, ки бояд Давлаталӣ Саид, ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон анҷом диҳад, иҷро мекунад.

Вале аз тарафи дигар гоҳо ба назар мерасад, ки байни домоҳои Раҳмон як навъ мусобиқа ҷараён дорад. Ин мусобиқаҳо барои кандани пул аз бюҷети давлатӣ ва ё аз ҷайби мардум ба амал бароварда мешавад. Шамсулло Соҳибов аз ҳисоби чопи китоби “Тоҷикон” 7 миллион доллар даромади соф ба даст овард. Маълум, ки ин китоб аз маблағи бюҷети мамлакат чоп шуд.

Айни замон Ҷамолиддин боз як “бизнес”-и дигар “ихтироъ” кард. Ин бизнес соли ҷорӣ аз тарафи Ҷамолиддин кашфу ихтироъ ва тавассути Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ин бонк дастур содир кард, ки васоили нақлия дар Тоҷикистон тавассути ширкати марбут ба Ҷамолиддин Нуралиев  “страховка”-бимаи ҳатмӣ бишаванд.

Бо ин ихтироъ, бархе аз коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки Ҷамолиддин Нуралиев солона 100 миллион сомонӣ – муодили наздик ба 9 миллион доллар даромади муфт ба даст меоварад. Зеро ҳар ронанда муаззаф аст, ки бо пардохти 120 сомонӣ мошини худро суғурта кунад. Кормандони БДА дастур гирифтаанд, ки дар баробари тафтишу назорати асноди ронанда ва мошин ҳатман ҳуҷҷати “страховка”-и ӯро тафтиш кунанд. Агар чунин ҳуҷҷатро надошта бошанд, ҷарима шаванд.

Ҳамакнун “Спитамен Суғурта” -и Ҷамолиддин Нуралиев мошинҳои мардумро суғуртаи ҳатмӣ мекунад ва идораи Тоҷиксуғурта-муассисаи давлатӣ, ки “Тоҷиксармоягузор” номгузорӣ шудааст аз як бахши асосии даромади худ, ки даромади буҷҷаи давлат ҳам ҳаст, маҳрум мешавад ва ин даромад дигар ба даромадҳои хонаводаи Раҳмон зам мешавад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи ҳисобҳои нашршуда дар Тоҷикистон 1.5 миллион мошин дар ҳоли ҳаракат аст. Ва, нуктаи асосӣ ин аст, ки кормандони ГАИ вазифадор шудаанд, ки аз ронандаҳо маҳз санади ширкати “Спитаменсуғурта”-ро суроғ кунанд. Маблағи 120-ро ба 1.5 млн мошин зарб занед ва  бубинед, ки чи тавр аз ҷойи нишаст ин домоди Раҳмон “бизнес” мекунад.

Воқеият ин аст, ки тамоми даромадҳои Раҳмону домодҳояш аз ҳамин роҳ аст. Ба баҳонаи хусусисозӣ даромадҳои ниҳодҳои давлатиро муфту ройгон соҳиб мешаванду боз худро ҳамчун соҳибкору хайркунанда муаррифӣ мекунанд. Худи ҳамин ширкати пулчинаки IRS дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки тӯли беш аз даҳ соли кор аз 1 миллиард доллар ҳам даромади зиёд ба даст овардааст, аз “ихтироот”-и бисёр ҳам судовар ва муфид барои Раҳмон аст, ки мисли он дар тамоми рӯи замин вуҷуд надорад.

Роҳи мазкур тавассути 290 млн.доллар қарзи давлати Чин ва 40 млн.доллари қарзи Эрон, ки барои эҳдоси нақб дар гарданаи Анзоб дода буд, навсозӣ ва бунёд шудааст. Аммо ин ширкат аз тамоми имтиёзоти қонунӣ ва ғайриқонунӣ бархурдор аст ва дираме ҳам андоз пардохт намекунад ва тамоми даромадҳояш ба худаш тааллуқ мегирад.

Бар хилофи даъвиҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки мегӯяд пулакӣ шудани роҳ бар манфиати мардуми тоҷик будааст, Бонки Осиёии Рушд, ки аз ёрирасонҳои умдаи Тоҷикистон мебошад, дар пажӯҳише фоида ва зарари ба ихтиёри ширкати офшории IRS (Innovative Road Solutions) супурда шудани яке аз муҳимтарин роҳҳои Тоҷикистонро баррасӣ карда ва бар ин натиҷа расидааст, ки он боиси 19 дарсад кам шудани гардиши мол дар Тоҷикистон шудааст. Чунки хароҷоти кашонидани мол гарон мешавад.

Дар санаде, ки аз Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқии Ҷазираҳои Вирҷиния дастраси Радиои Озодӣ шуд, маълум гашт, IRS рӯзи 30-юми сентябри соли 2008 таҳти рақами 1505181 сабти ном шудааст. Ҳадди аксари шумораи саҳмияҳои ин ширкат 50 ҳазор дона аст ва IRS – Инновейтив Роуд Солюшнз бо миёнравии агент – Алеман Кордеро Галиндо сабти ном шудааст. Аммо дар ин санад номи молики тоҷикистонии ширкати офшорӣ зикр намешавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ ва вакили вақти Маҷлиси намояндагон дар яке аз сӯҳбатҳои расонаияш ёдоварӣ буд, ки вақти тасвиби созишномаи миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва IRS (Innovative Road Solutions) аснод аз даруни лифофа берун нашуданд. Ҳатто вакилони Маҷлиси намояндагон намедонанд, ки аз ҷониби IRS (Innovative Road Solutions) ба ин санад кӣ имзо гузоштааст ва ному насаби ӯ чист? Имзои тарафи Тоҷикистонро, ки ногуфта пайдост Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Ҳукумати Тоҷикистон мегузорад.

Ба баёни ҳуқуқшиносҳо ин амал “баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ” ва “суиистифода аз мақоми давлатӣ”, “қаллобӣ” тафсир шавад, аммо мардум онро хокзанӣ ва роҳзаниву ғоратгарӣ меноманд. Ана, барои чӣ Раҳмон намехоҳад, ки ҳокимиятро аз даст бидиҳад? Чун ҳар рӯзе, ки дар қудрат ҳаст дуздии бештар ва ҳамин тариқ даромади муфти калонтар ба даст меоварад. Даромадҳои ҳангуфт аз ин роҳ буд, ки Ҷамолиддин Нуралиев тавонист бонкеро бо номи Спитаменбонк ташкил диҳад.

Дар соли гузашта ҳам Ҷамолиддин Нуралиев боз як “ихтироъ”-и дигар кард, ташкили маркази протссесингӣ – назорати воридоту содироти маблағ ба  кишвар. Ин боз як манбаи даромади муфте буд, ки аз ҳисоби мардум ташкил шуд. Ҳамин тариқ содироту воридоти пул таҳти контроли комили Ҷамолиддин даромад. Вай бо ин васила дар “доля”-и маблағҳои ба кишвар ворид ва содир-шаванда худро “қӯш” кард. Кореро, ки қаблан ҳар бонки дохилӣ бо ширкатҳи интиқолдиҳандаи пул анҷом медоданд ба салоҳияти Бонки миллӣ, яъне худ гирифт ва аз ин “ихтироъ” солона на камтар аз 25.000.000 млн. доллар фоида ба даст меоварад.

Зимнан, ин “ихтироот”, ки ҳамроҳ бо фанновариҳои ҷадид сурат мегирад, ҳанӯз ки Ҷамолиддин Нуралиев муовини вазири молия буд, шурӯъ шуда буд. Он солҳо Ҷамолиддин аз тамоми маблағҳое, ки аз Вазорати молия берун мешавад, аз маош гирифта то сармоягузорӣ 4% дар садашро нақд мегирифт.

Муҳосибони вазорату кумита ва ҳатто Дастгоҳи иҷроия ва Маҷлиси Олӣ низ истисно набуданд. Ин %-ро медоданд. Зеро ҳама медонистанд, ки Ҷамолиддин домоди Раҳмон аст ва намешавад ҷое рафту шиква кард, ки барои мисол аз 4 миллион маблағи ҷудошуда чордарсади онро ба Ҷамолиддин пора доданд.

Ҳоло бошад доляи ӯ дар Бонки миллӣ то 10% афзудааст. Як сабаби боздошт ва зиндонӣ шудани Ҷамшед Зиёев, раиси пешини “Тоҷпромбонк” ин будааст, ки вақте ҳукумат барои ба истилоҳ ёрдам ба вай 400 миллион сомонӣ кӯмак пешниҳод мекунад, Зиёев аз додани 10% “доля” ба Ҷамолиддин сарпечӣ мекунад. Ва, ҳамин сарпечӣ боис мешавад, ки ҳам бонкаш муфлис эълон бишавад ва ҳам худаш зиндонӣ.

Аммо ин тавр нест, ки Ҷамолиддин мушкил надошта бошад. Вай дар масъалаи пулу мол, мошин, суратҳисобҳои оффшорӣ мушкил надорад. Аммо мушкили ӯ аз ноҳияи завҷааш – Озода аст. Сару садоҳо баъди пайдо шудани сару каллаи Шаҳбоз Раҷабзода дар як ҷаласаи ҳукуматӣ бо иштироки худи Раҳмон барои Ҷамолиддин хеле нороҳаткунанда аст.

Аммо вақте меравад ба назди хусур ва дарди дилу арзи муддао мекунад, хусур ба сарнавишти Ёрмаҳмад Гулов ва Зубайдуллои писари вай- шавҳари аввалаи Таҳмина ишора мекунад. Ёрмаҳмад Гулов вазири саноати сабук ва яке аз сарватмандони ҷумҳурӣ баъди онки писараш Таҳмина-духтари саввуми Эмомалӣ Раҳмонро дар сари алоқаи ҷинсӣ бо ронандааш Наврӯз қапида талоқ медиҳад ва зориву таваллои Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат намегирад аз вазифаҳо дур ва молу дороиҳояш бо ҳар васила мусодира мешавад.

“Раҳмон мегӯяд, Ҷамолиддин – бачам ба ин гапҳо дода нашав. Зиндагониат нағз аст. Камбудиҳо мешаванд, вале мегузаранд. Ҳаётатро насӯзон. Зиндагӣ карда гардед”. Феълан Ҷамолиддин Нуралиев зиндагӣ карда истодааст. Аммо то куҷо аъсоби ӯ давом меорад, доғон намешавадро вақт муайян мекунад.

Қабл аз барҳам задани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” қароре, ки аз тарафи Бонки миллӣ эълон шуд, ин буд, ки ба ҳеҷ як суратҳисобе, илло ба суратҳисоби давлатӣ барои кумак ба зарардидаҳои Исфара набояд пул гузаронд. Ин ба он маъно аст, ки феълан асабҳои Ҷамолиддин танҳо аз пайи “ихтироот”-и нав, яъне аз ҷои нишаст бизнеси миллиондолларӣ пайдо кардан аст…

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.