23.9 C
Dushanbe

Чанд андеша перомуни мақолаи охирини сиёсии Абдуллоҳи Раҳнамо “Даҳ мушкили оппозитсия шудан”

Як корбари фейсбук бо номи Хусрави Атовулло дар як матлабе перомуни мақолаи ахири Абдуллоҳи Раҳнамо, ки зери унвони “Даҳ мушкили оппозитсия шудан” чанде пеш нашр шуда буд, фикру андешаҳои худро навиштааст.

Ба назари ин корбар Абдуллоҳи Раҳнамо дар матлаби худ масъалаи матраҳ намудаашро якҷониба баҳогузорӣ намудааст ва муаллиф онро “оппозитсияи бомаънӣ” аз нигоҳи Раҳнамо хондааст.

Ӯ менаисад, ки он қувваҳоеро, ки Раҳнамо аз зарфияташон эрод гирифтааст, онҳоро халқ хуб мешиносад ва медонанд, ки онҳо чӣ мехоҳанд ва чӣ барнома доранд.

Ва ҳамчунин дар мавриди чеҳраҳои матраҳи сиёсӣ ва зарфияти интелектуалӣ онҳо мегӯяд, ки ба иддаои Раҳнамон ин гурӯҳҳо “бояд дар ҳайати худ 5 – 10 сиёсатмадори сатҳи миллӣ ва 10 – 20 мутахассису мутафаккир дошта бошад. Аммо он нерӯе, ки имрӯз қудратро дар кишвар дар даст дораду Раҳнамо аз фаъолияти онҳо қаноатманд аст, дар ҳайаташ панҷ сиёсатмадори сатҳи миллӣ дорад? Ё кадом вазири тоҷик сиёсатмадори сатҳи миллӣ аст?”

Шакли комили матлаби муаллифро дар зер мутолиа кунед:

Facebook

Абдуллоҳи Раҳнамо инро охирин мақолаи сиёсиашон номидаанд, ки ин чизи нав нест, ҷаноби Раҳнамо як чунин васиятномае дар соли 2012-ум навишта буданд ва шоҳиди он гаштем, ки бо фикрҳои дигар ва андешаи ҷадид баргаштанд ин рафтанашон ҳам як омадани дигар аст. Баъдан дар замоне ки сабзавотфурӯшон ҳам аз сиёсат сӯҳбат мекунанду фаъолияти Трампро таҳлил мекунанд изҳори назари мудири яке аз шӯъбаҳои ИН оиди ягон масъалаи сиёсӣ касеро ба тааҷҷуб намеорад. Сониян бо рафтани ҷаноби Раҳнамо ба ИН мумкин аст, адабиёти тоҷик сиёситар мешаваду асарҳои наве пайдо мешавад, ки қаҳрамонҳои асосиаш тоҷикони аврупост, кӣ медонад? Шояд ё шеърҳои сиёсӣ зиёд мешавад , ба қавли Бозор Собир шеъри мондагор шеъри сиёсист.

Баъзеҳо ҳадс мезананд, ки дар сатҳи Раҳнамо коршиноси кам дорем, аммо ба фикри ман миллат коршиноси ба сатҳи Раҳнамо зиёд дорад, аммо ё ҷуръат надоранд ё минбар ё бо сӯҳбатҳо дар маҳфилҳои хосе, дар сари як пиёла чойе ё дар растаи сабзавотфурӯшӣ кифоят мекунанд.

Дар мақолаи “Даҳ мушкили оппозитсия шудан” ҷаноби Раҳнамо масъаларо яктарафа баҳогузорӣ намудаанд, инро метавон “оппозитсияи бомаънӣ” аз нигоҳи Раҳнамо хонд. Дар ташакулли мухолифини худ нақши ҳукумати амалкунанда хеле зиёд аст, аммо ҷаноби Раҳнамо инро нодида гирифта, дар мақола чизе намегӯянд. Доштани мухолифини қавӣ ва солим ба манфиати ҳукумати дурандеш аст. Мебоист дар мақола ҷаноби Раҳнамо чун корманди акнун собиқи Маркази тадқиқоти стратегӣ нишон медод, ки давлат  барои ташаккули мухолифини солим чӣ корҳоро бояд анҷом диҳад.

Рафтору фаъолияти мухолифин аз рафтори ҳукумати амалкунанда нисбати ӯ сахт вобаста аст. Беадолатӣ, зулм, нобаробарӣ боиси пайдоиши мухолифини носолими ифротӣ мешавад.

Ҷаноби Раҳнамо мухолифини тоҷикро “баъзе шаҳрвандон ва доираҳои ҳамдиду ҳамманфиат, ки худро дар хориҷ мухолифин меноманд” зикр карда, фаромӯш мекунанд, ки инҳо ҳамонҳоанд, ки ҳазорон нафарро ҷамъ карда буданду ҷаноби Раҳнамо дар конфронсҳояшон маърӯзаҳо мекарданд ва барояшон маслиҳатҳо медоданд.

Инҳо ҳамонҳоанд, ки дар ҳайати ИНОТ буданд, алоҳида фаъолият доштанд, дар ҳайати ИНИТ буданд, имрӯз дар марҳилаи нав дар шароити наву замони дигар фаъолият доранд, онҳоро “мухолифини нав” шарҳ додани Раҳнамо ин гумроҳӣ ё пардапӯшӣ аст.

Дар масъалаи меҳвари мушаххаси сиёсӣ ва арзишӣ.

Ин қувваҳоро халқ хуб мешиносад ва медонанд, ки онҳо чӣ мехоҳанд ва чӣ барнома доранд. Дар бисёр масъалаҳои ин гурӯҳҳо ҳамақидаанд, як позитсияро доранд. Ва он гурӯҳҳое, ки дар заминаи ихтилофи корию тиҷорӣ бо шарикони худ дар дохил ба миён омадаанд, ин дар сиёсат чизи нав нест, дар боло гуфтем, ки ҳукуматҳо мухолифини худро худ месозанд, яъне барномаи нодурусти иқтисодии ҳукумат метавонад мухолифини навро ба миён орад. М Ходорковский пас аз ҳабсу ғасби моликияташ ба мухолифини сарсахти Путин табдил ёфт. Метавон ҳазорон мисол овард.

Дар масъалаи чеҳраҳои матраҳи сиёсӣ ва зарфияти интелектуалӣ ҷаноби Раҳнамо дуруст қайд карданд, ки нерӯе, ки даъвои қудрат дорад, бояд дар ҳайати худ 5 – 10 сиёсатмадори сатҳи миллӣ ва 10 – 20 мутахассису мутафаккир дошта бошад. Аммо он нерӯе, ки имрӯз қудратро дар кишвар дар даст дораду Раҳнамо аз фаъолияти онҳо қаноатманд аст, дар ҳайаташ панҷ сиёсатмадори сатҳи миллӣ дорад? Ё кадом вазири тоҷик сиёсатмадори сатҳи миллӣ аст? Ё кадом намояндаи парлумонро тамоми миллат мешиносад? Яъне бе ин ҳам мешудааст.

Ҷаноби Нурӣ, ки шахси масъулиятшинос буд, дуруст гуфт, ки то сад Ҳимматзода набошад, даъвои қудрат накунанд. Аммо интизори тарбияи сад Ҳимматзода барои ақли солим чӣ лозим, ки миллат кадрҳои на танҳо сатҳи миллӣ, балки ҷаҳонии бекор дорад. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов, Раҳматилло Зойиров, Ойниҳол Бобоназарова, Гулрухсор, Фарзона, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Раҷаби Мирзо, Давлат Худоназаров, Толиб Шаҳидӣ, Далер Назаров, Сафар Абдуллоҳ, Барзу Абдураззоқов, Абдулло Давлатов, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, Эшони Нуриддин, Ҳоҷӣ Мирзо кадрҳои ҷавон  Табрез Шаҳидӣ, Аниса Собирӣ, Азизҷон Азимӣ ва ҳазорон ҳазор хатмкунандагони донишгоҳҳои хориҷиву дохилӣ.

Масъалаи пойгоҳи иҷтимоӣ ва мардумӣ

Ба гуфти ҷаноби Раҳнамо доираҳои мухолиф дар муҳити иҷтимоии кишвар таъсири муайянкунанда надоранд ин як худфиребкунӣ аст,  таъсири амиқи онҳоро метавон возеҳ мушоҳида  кард, аз ҷумла (1) аҳли фарҳангу зиё қисми муйянашон дар зери таъсири мухолифин мондаанд.Баъдан аз таъсири ин доираҳои асосан( 2) муҳоҷирони меҳнатӣ ( 4) табақаҳои осебпазири кишвар сахт бархурдор ҳастанд инро метавон аз шуморам бинандагони баромадҳои онҳо дар ютюб ки дар пахши мустақим ҳазорҳо нафар тамошо доранд ва наворҳояшон дар як рӯз то сад ҳазор тамошобин дорад ва зангҳои зиёде ки ҳангоми пахши мустақими мухолифин аз дохилу хориҷи кишвар мешавад, мушоҳида кард.

Масъалаи муносибат ба арзишҳои пазируфтани низоми давлатдорӣ

Ҷаноби Раҳнамо доираҳои мухолифро дар баҳс бо низоми дунявӣ ва ҷомеаи бисёрфикрӣ айбдор мекунаду фаромӯш мекунад, ки худи масъулин бо низоми дунявӣ ва ҷомеаи бисёрфикрӣ дар ҷанг аст, баста шудани даҳҳо рӯзнома ба хусус “Нигоҳ” ва ” Озодагон” ва дар хориҷ қарор доштани ҳамин Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён ва Ҳафиз Бобоёров ё Зафари Сӯфӣ шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд. Метавон ҳазорҳо мисол овард аммо ҷаноби Раҳнамо аз ман хубтар медонанд. Магар дахолат дар тамоми корҳои мардум ва то ҳол баста будани масҷидҳо ҷанг бо дунявият нест?

Дар боло гуфтем, ки ба ифротӣ шудани мухолифин муносибати ноодилонаи ҳукумат бо онҳо сабаб шуда метавонад. Яъне ҳукумат чӣ тавре мухолифини худро таҳқир кард ҳамон хел таҳқир мешунавад.

Вақте мақомот мухолифинро “хоин”, “ҷосус” ва “терорист” меномад, ба ҳамин муносиб ҷавоб хоҳад шунид. Мухолифини Путин ӯро “вор”, “бандит”, “преступник” меноманд, аммо ӯро “неверующий” наменоманд, зеро медонанд, ки ӯ ба калисо меравад ва бори охирин шаби шашуми январ рафта буд. Медонанд, ки дари тамоми калисоҳо дар Русия барои ҳама боз аст. Чӣ расад ба калисоҳо ҳатто масҷидҳо.

Хуллас дар сохтан ва ташаккули  мухолифин нақши ҳукумати амалкунанда ё нерӯи дар қудратбуда хеле бузург аст, ки ҷаноби Раҳнамо нодида гирифтааст. Нерӯи дар қудратбуда агар беадолатона, ғайринсониву ғайрибашарӣ ва золимона бо мардум ва рақибони худ муносибат кард, мухолфоне чун ДОИШу Ҳизбу Таҳрир (Ҳаракатҳо дар Тоҷикистон мамнӯъ) хоҳад дошт. Зеро ДОИШ дар Аврупо пайдо нашуд дар Русия пайдо нашуд, балки дар Сурия ва Ироқ ба вуҷуд омад, ки ҳуқуқи диниву мазҳабиву миллии мардум риоя намешуд.

Дар мамлакатҳои Осиё Марказӣ сабаби ба вуҷуд омадани мухолифини сиёсии носолим муносибати беадолатона, шиканҷа, ҳабси рақибҳои сиёсӣ аз ҷониби нерӯҳои дар қудратбуда маънидод мешавад.

Барои ташаккули мухолифини сиёсии солим муносибати солим, боадолатона, ва дар доираи қонунҳои башардӯстонаи нерӯи дарқудратбуда шарти асосӣ аст.

Вақте ҳукумат ё нерӯи дарқудратбуда тамоми роҳҳои солими   расидан ба қудрат ва муборизаи сиёсиро мебандад қувваҳои мухолиф ба роҳҳои носолим рӯй меоварад.

Дар фаъолияти минбаъдаи ҷаноби Абдуллоҳи Раҳнамо дар симати нав дар Иттиҳодияи Нависандагон барояшон бурдбориҳо таманно дорам. Худо кунад, ки асарҳои адибони тоҷик сазовори ҷоизаи Нобелии адабиёт гардад, ки ба гумонам таъини ҷаноби Раҳнамо ба ин хотир аст.

Аз саҳифаи фейсбукии Хусрави Атовулло

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.